Сафири ФР изҳор дошт, ки Тоҷикистон дар феҳристи наздиктарин иттифоқчиёни Русия қарор дорад

Июнь 16, 2022 11:48

ДУШАНБЕ, 16.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Душанбе наздиктарин иттифоқчии Москва ба шумор меравад ва муносиботи ду кишвар аз лиҳози устувории равобит ба сатҳи бесобиқа расидааст. Дар ин бора Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов зимни ифтитоҳи Конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Вазъият ва дурнамои рушди шарикӣ ва иттифоқи стратегӣ миёни Тоҷикистон ва Русия», ки дирӯз, 15 июн дар Душанбе баргузор шуд, изҳор дошт.

«Аз ҳарвақта дида, имрӯзҳо муносибати дуҷонибаи мо беш аз пеш дар ҳоли болоравӣ буда, робитаҳо қариб дар тамоми соҳаҳо фаъолона густариш меёбанд. Тоҷикистон дар феҳрасти наздиктарин давлатҳои иттифоқчӣ бо Русия қарор дорад, — афзуд дипломат ва таъкид кард, ки пояи ин равобит муносибатҳои дӯстона ва эътимодбахши сарони ду кишвар мебошад».

Дипломат таъкид кард, ки Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали истиқлолият ба шарики стратегӣ ва иттифоқчии Русия табдил ёфтааст.

Ӯ рушди босуръати ҳамкории байниминтақавиро, ки яке аз пояҳои бунёдии ин шарикӣ гардидааст, алоҳида зикр кард. «Ман ҳамчун Сафири Русия муносибати мусбати ҷомеаи Тоҷикистон, созмонҳои гуногуни собиқадор, намояндагони муассисаҳои таълимиро ба Русия ҳамчун иттифоқчӣ ва шарик эҳсос мекунам», — илова намуд ӯ.

Конфронси байналмилалӣ ба 30-умин солгарди барқарории равобити дипломатӣ миёни Москва ва Душанбе бахшида шуда буд. Дар кори он дипломатҳо ва коршиносони ҳар ду давлат иштирок карданд. Иштирокдорон доир ба таърихи муносибатҳои Тоҷикистону Русия ва дурнамои рушди онҳо табодули афкор намуданд.

Дар конфронс беш аз 30 нафар намояндагони мақомот, доираҳои таълимӣ, илмӣ ва коршиносони Русия ва Тоҷикистон ширкат доштанд. Баррасии натиҷаҳо ва дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаи амният, таҳкими робитаҳои иқтисодӣ ва гуманитарӣ дар байни иштирокчиёни чорабинӣ таваҷҷуҳи зиёд ба бор овард.

Тоҷикистон ва Русия 8 апрели соли 1992 равобити дипломатӣ барқарор карданд. Дар ин муддат зиёда аз 300 созишномаи байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ баста шудааст, ки асоси онҳо Шартномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва кумаки мутақобила ва Шартномаи ҳамкории иттифоқӣ мебошанд.

АКС: «Русский дом» дар Душанбе

Июнь 16, 2022 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Женева 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро бо тантана ҷашн гирифт
Намояндаи Тоҷикистон дар амалиёти байналмилалии зидди маводи мухаддири Созмони ҳамкории Шанхай «Тор» иштирок намуд
Дар Анқара ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ: 35 соли дӯстӣ ба сӯи шарикии оянда
ТОҶИКИСТОН ВА КОРЕЯ — ДАР МАСИРИ НАВИ РУШДИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНИДАВЛАТӢ. Сафари расмӣ бо натиҷаҳои арзишманд
Сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон бо роҳбари Маркази энергияи тозаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодию молиявии Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо губернатори Маномаи Подшоҳии Баҳрайн мулоқот намуд
Дар шаҳри Масқат 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Дар Тошканд чорабинии тантанавӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистон баргузор шуд
Дар шаҳри Масқат намоишгоҳи фарҳангӣ ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд
Сафири Тоҷикистон бо Директори генералии Фонди рушди Абузабӣ мулоқот намуд