Таҳияи Лоиҳаи «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои солҳои 2023-2025» шурўъ гардид

Июнь 22, 2022 09:02

ДУШАНБЕ, 22.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳияи лоиҳаи «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои солҳои 2023-2025» шурўъ гардида, дар он афзалиятҳои муайяншудаи «Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул барои давраи то соли 2040», ҳадафҳои пешбинишуда дар харитаи роҳи рушди фаъолияти вазорат то соли 2026, инчунин натиҷаҳои татбиқи барномаи мазкур ба инобат гирифта мешаванд. Ин матлаб 21 июн зимни баргузории ҷаласаи Кумитаи ҷумҳуриявии мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии мамлакат баён гардид.

Тавре аз маркази матбуотии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» доданд, ҷаласаи мазкур таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён доир шуда, дар кори он Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода, мудири шуъбаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулрӯ Ҷабборзода, инчунин намояндагони вазорату идораҳо ва шарикони иҷтимоӣ иштирок доштанд.

Дар ҷаласа се масъала: Ҷараёни иҷрои «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2022», ҳолати  иҷрои барномаи мазкур дар вилояти Хатлон ва нақшаи кори Кумита барои нимсолаи дуюми соли равон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Гуфта шуд, ки дурнамои «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар солҳои 2020-2022»  дар сатҳи ҷумҳуриявӣ 118,6 фоиз ва дар вилояти Хатлон 120 фоизро ташкил медиҳад. Новобаста ба таъмини иҷрои барзиёди дурнамои барнома ҳанӯз ҳам, камбудиву мушкилот дар татбиқи барнома ҷой доранд.

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ширин Амонзода зимни баромад иброз намуд, ки Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар таъмини суботи иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум  нақши муҳим дошта, фаъолияти сохторҳои вазоратро дар соли равон тақвият медиҳад.

Дар ҷараёни ҷаласа муовини Сарвазир Матлубхон Сатториён ба шахсони масъул баҳри бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта дар раванди амалишавии барнома дастуру супоришҳои мушаххас дод.

АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғлии аҳолии ҶТ

 

Июнь 22, 2022 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд