Ташкилоти ҷамъиятии «Олимпичиёни Тоҷикистон» таъсис ёфт

Июнь 30, 2022 08:58

ДУШАНБЕ, 30.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 29 июн дар идомаи таҷлили Рӯзи байналмилалии олимпӣ, дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон (КМОТ) Конфронси якуми Ташкилоти ҷамъиятии «Олимпичиёни Тоҷикистон» доир гашт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷаласа 11 нафар иштирокчиёни Бозиҳои олимпӣ ва  котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллозода Муҳаммадшо иштирок карданд.

Зикр шуд, ки то ин замон Ассотсиатсияи олимпичиёни Тоҷикистон дар назди Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон фаъолият дошт ва бо тавсияи Ассотсиатсияи ҷаҳонии олимпичиён тасмим гирифта шуд, ки ташкилоти алоҳидаи олимпичиён таъсис дода шавад.

Дар ҷаласа иштирокчиён оиннома ва нишони ташкилотро баррасӣ ва тасдиқ намуданд. Ҳамчунин  бо ҷонибдории аъзои конфронс директори генералии КМОТ, ҷоизадори Бозиҳои олимпии Лондон-2012 Мавзуна Чориева раиси ТҶ «Олимпичиёни Тоҷикистон» ва иштирокчии Бозиҳои олимпии Лондон-2012 Фарҳод Неъматов котиби генералӣ интихоб шуданд.

Дар асоси оиннома вазифаи «Олимпичиёни Тоҷикистон» муттаҳид кардани иштирокчиёни Бозиҳои олимпӣ, намояндагӣ кардани онҳо ва қонеъ кардани ниёзҳои онҳо дар тӯли ҳаёт, инчунин рушд додани олимпизм мебошад.

Ба олимпичиён сертификати Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон тақдим шуд.

АКС: КМО Тоҷикистон

Июнь 30, 2022 08:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд