ТАВАҶҶУҲ! Аз 14 июн Русия тамоми маҳдудиятҳои COVID-19 –ро барои вуруди хориҷиён тавассути ҳавопаймо лағв мекунад
ДУШАНБЕ, 06.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Русия аз 14 июн тамоми маҳдудиятҳои эпидемиологиро барои хориҷиёне, ки тавассути ҳаво ва баҳр ба ин кишвар ворид мешаванд, лағв мекунад. АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, ки дар ин бора рӯзи ҷумъа, дар ситоди фаврӣ оид ба мубориза бо сирояти коронавирус ба рӯзноманигорон иттилоъ доданд.
«Аъзои ситоди таъҷилӣ дар натиҷаи муҳокима ба қарор омаданд, ки аз 14 июни соли 2022 маҳдудиятҳои эпидемиологӣ барои вуруди шаҳрвандони хориҷие, ки тавассути ҳаво ва инчунин тариқи гузаргоҳҳои баҳрӣ вориди Русия мешаванд, лағв карда шаванд», — омадааст дар хабар.
Илова бар ин, ситоди фаврӣ тасмим гирифт, ки аз 14 июн алоқаи роҳи оҳанро дар хатсайрҳои Тошканд — Самара ва Тошканд — Волгоград ҳафтае як маротиба дар ҳар як масир барқарор кунад. Маҳдудиятҳо барои вуруди шаҳрвандон Узбекистон ба Русия тавассути роҳи оҳан лағв мешаванд.
ФОТО: Roland Weihrauch/globallookpress.com








Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид






