ТЕРРОРИЗМ — ЗУҲУРОТИ ҲАДАФМАНДОНАИ ЭКСТРЕМИСТӢ. Мулоҳизаҳои профессор Абдураҳмон Муҳаммад дар ин мавзӯъ

Июнь 14, 2022 14:32

ДУШАНБЕ, 14.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати терроризм ҳамчун зуҳуроти номатлуби ҷомеа ибрози андеша менамоянд, ки «солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш  овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд».

Дар воқеъ, гуфтаҳои болозикр  тақвият  медиҳанд, ки имрӯз терроризм барои инсоният ба хавфу хатар ва таҳдидҳои нави  глобалӣ  табдил ёфтааст. Новобаста аз сатҳи рушду инкишоф, иқтидор ва имконият, ин зуҳуроти номатлуб аксари кишварҳои  ҷаҳонро фарогир аст. Махсусан,  дар Италия, ИМА, мамлакатҳои Шарқи Наздик,  Қафқоз ва дигар кишварҳо ташилотҳои террористӣ фаъолона амал карда метавонанд. Зоҳиршавии терроризм  дар навъҳои гуногуни маълуму номаълуми сепаратистию динӣ, мазҳабгароию зиддиятҳои байнисарҳадӣ  тезу тунд гардида, ба суботи сиёсии  давлату кишварҳо  таъсири манфӣ мерасонанд. Роҳу усулҳои аз ҷониби террористон истифодашаванда низ хусусияти зиддигуманистӣ гирифта, боиси афзоиши ҳаҷм ва миқёси зарару зиёни мардум мегарданд.

Терроризм  аз рӯи зуҳури худ  қоидаҳои зиёди ғайриқонуниеро дарбар мегирад, ки   якнавохт нестанд, маънои аслии терроризм  бошад,  тарс, ваҳм ва даҳшатафканӣ аст. Аз ин рӯ, аксари  пажӯҳишгарон террорро  шакли махсуси зӯроварии сиёсӣ дониста, онро ҳамчун идеологияи экстремистӣ ва бераҳмии ҳадафмандона баррасӣ менамоянд. Таърихи инсоният  низ шаҳодат аз он медиҳад, ки гурӯҳҳои алоҳида ва ташкилотҳои террористӣ идеологияи экстремистиро  ҳамчун воситаи расидан ба мақсад  ба воситаи куштору ваҳмангезӣ  истифода мебаранд.  Дар солҳои охир  усули  дигари  даҳшатангезӣ,  терроризми   байнисарҳадӣ  низ  ба миён омадааст.

Мавриди қайд аст, ки ташкилотҳои сиёсии экстремистӣ на танҳо  барои нишон додани мавҷудияти худ ва аз байн  бурдани  рақибони сиёсии хеш ба амалҳои террористӣ даст зада, вазъи ҷомеаро ноором месозанд, балки барои  барқасдона  иғво андохтан   дар марзҳои  сарҳадӣ амалҳои террористиро истифода мебаранд, ки ин аз мадди назари  пажӯҳишгарон  дур мондааст.

Инчунин, зикр намудан зарур аст, ки тафовутҳои навъҳои  терроризм  бештар аз мақсад ва амалкарди террористон вобастагӣ доранд. Масалан, террористон бештар  кӯшиш менамоянд, ки бо амалҳои  худ ҷомеаро тарсонанд, сохтори давлатиро дигаргун созанд ва ё  сиёсати дохилию хориҷии давлатро тағйир диҳанд. Ҷинояткори муқаррарӣ бошад  кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки таваҷҷуҳи дигаронро ҷалб накарда, ба сохтори ҷамъиятӣ кордор нашавад ва фаъолияти худро махфиёна амалӣ намояд. Агар террорист кӯшиш намояд, ки ба кулли системаи давлатдорӣ зарба занад, пас ҷинояткор хоҳони он аст, ки  ба таври ниҳонӣ  аз амалаш фоида  ба даст биорад. Ё ин ки  ҷинояткори муқаррарӣ баъди содир намудани ҷиноят саъй менамояд, ки аз чашми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пинҳон монад, террорист бошад, баъди анҷом додани амали террористӣ рӯирост дар бораи амали содиркардаи  худ суҳбат менамояд, то ки  ҷомеаро ба  тарсу ваҳм андозад.

Навъи  дигари  терроризми муосир, ба андешаи мо, ин даҳшатафкании байнисарҳадӣ  мебошад, ки онро дар мисоли амалҳои пайдарпайи ҷониби  Қирғизистон баръало мушоҳида менамоем. Яъне қасдан иғвоангезӣ  намудани он дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон  маънои  пешакӣ таҳрезӣ намудани амалҳои  террористиро дорад.

Маълум аст, ки амали террористӣ яке аз навъҳои зӯроварии сиёсӣ мебошад. Агар дар замони гузашта  нобуд кардани шахсони мансабдор  объекти ягонаи онҳо мебуд, имрӯз объектҳои фаъолияти террористӣ хеле зиёд гардидаанд ба монандӣ асир гирифтан, ғасби тайёраҳо, тарконидани бомбаҳо дар ҷойҳои серодам, куштори барқасдона миёни марзҳо ва ғ. Инчунин, терроризм дар шакли байналмилалӣ ва фаромиллӣ низ зоҳир мегардад. Терроризми байналмилалӣ замоне ба мушоҳида мерасад, ки агар он аз ҳудуди як мамлакат берун баромада бошад. Терроризми  фаромиллӣ  вақте муайян мегардад, ки  агар дар арсаи байналмилалӣ фаъолияти ташкилотҳои  террористии ғайридавлатӣ ворид гардида бошанд.

Ба замми ин, навъҳои терроризми  динӣ ва миллатгароӣ низ мавҷуданд.Терроризми миллатгароӣ дар фаъолияти ташкилотҳои террористие ба назар мерасан, ки мақсади онҳоро мубориза бо ҳукмфармоии давлатҳо ва фармонфармоии  ғайримиллӣ ташкил медиҳад. Терроризми динӣ бо муборизаи пайравони як дин бо ҷонибдорони динҳои дигар, инчунин бо мақсади сарнагун намудани ҳокимияти дунявӣ ва ба ҷойи он ташкил намудани ҳокимияти динӣ алоқамандӣ дорад. Мисоли ин  ҷанги таҳмилии  шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шуда метавонад.

Албатта, чунин гурӯҳбандии терроризм ҳамеша шартан  муайян карда мешавад, зеро дар аксар маврид мушоҳида намудан мумкин аст, ки терроризми миллатгароӣ бо динӣ ва баръакс терроризми динӣ бо миллатгароӣ омезиш пайдо менамоянд.

Дар терроризми замони муосир вобаста ба дигаргуниҳои нави ҷаҳонӣ, боз ду самти дигари терроризмро баррасӣ  намудан мумкин  аст.Якум, идеяҳои инсонбадбинонаи назарияпардозон илҳомбахши террористони самти рост мебошанд. Онҳо неруҳои иртиҷоиро барои мубориза бурдан бо неруҳои пешқадам  истифода мебаранд. Ба ин навъи даҳшатафканӣ терроризми  байнисарҳадӣ низ дохил мешавад, ки  бо баҳонаҳои  гуногун қасдан иғвоҳои сунъӣ  ба миён оварда, амалҳои террористиро  анҷом медиҳанд.Дуюм, терроризми чап дар фаъолияти худ кӯшиш менамояд, ки ба ҳаракатҳои инқилобию демократӣ ва миллию озодихоҳӣ халал расонад. Ин навъи терроризм бо ҳаракатҳои ҷавонон ҳам  алоқамандии зич дорад.

Хулоса,  имрӯз хусусияти глобалӣ доштани таҳдиди терроризмро эҳсос намуда, ҷомеаи ҷаҳонӣ бо ҳама гуна роҳу усулҳои мавҷуда бо ин падидаи номатлуб  мубориза бурда истодааст. Бо мақсади коркарди механизми мубориза бо ин зуҳуроти  манфӣ  созмонҳо ва иттиҳодияҳои имконпазир ташкил карда мешаванд, чорабиниҳо ва конференсияҳои байналмилалии  маҳкумкунандаи терроризм баргузор мегарданд , ки  ин ҳама  ҳанӯз  ҳам пеши роҳи  терроризмро гирифта наметавонад. Зеро пешгирӣ намудани амалҳои террористӣ   бештар ба ташвиқу тарғиби идеологияи миллӣ ва ташаккули амнияти идеологӣ вобастагӣ дорад, ки бояд  аз ҷониби  сарварони сиёсӣ, шаҳрвандон ва кишварҳо дастгирӣ  ёбанд. Чунки  дар бисёр ҳолатҳо мухолифин тавассути идеологияи экстремистӣ  ҳамеша  мақсадҳои нопоки худро асоснок менамоянд ва барои татбиқи онҳо воситаҳои ифротии террористиро  интихоб мекунанд.

Аз ин рӯ, бояд барои муқовимат ба ин зуҳуроти номатлуб рӯ ба  оила,   волидайн, мактабу маориф ва ҷомеаи шаҳрвандӣ овард. Дар баробари ин,  бояд Консепсияи амнияти идеологӣ, доктрина ва барномаҳои  миллии нав  таҳия ва пешниҳод карда шаванд, ки ба зеҳну  тафаккури мардум  таъсиргузор бошанд. Мавриди қайд аст, ки идеологияи миллӣ дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз  барои бедор намудан ва ташкил кардани иродаи дастаҷамъонаи мардум аҳамияти умумимиллӣ дорад. Ҳамзамон, омӯзишу таҳқиқи идеологияи миллӣ дар  муқобили  терроризм  барои  муайян намудани манфиатҳои аслӣ ва пешгирӣ намудани  идеологияи экстремистӣ  зарурияти воқеӣ  дорад ва он дар раванди таҳкими давлатдории миллӣ  фурсати  муносиб мебошад.

Абдураҳмон МУҲАММАД,
ноиби Президенти АМИТ,
доктори илмҳои сиёсӣ, профессор

АКС аз бойгонӣ

Июнь 14, 2022 14:32

Хабарҳои дигари ин бахш

СИЁСИШАВИИ ДИН — ХАТАР БА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ВА СУБОТИ ҶОМЕА. Андешаҳои профессор Нозим Маҳмадизода дар ин мавзуъ
Ҷавонон бояд қарзи шаҳрвандӣ — таҳсили илму дониш ва саҳмгузорӣ дар пешрафти Ватанро софдилона иҷро намоянд
Тоҷикистон дар мубориза бо қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар нақши калидӣ дорад
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабиниҳои канорӣ дар доираи иҷлосияи 67-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба воситаҳои нашъадор иштирок намуд
ХУРОФОТПАРАСТӢ-САРЧАШМАИ ҶАҲОЛАТУ ТОРИКӢ. Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ин зуҳуроти номатлубро маҳкум намуданд
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон бо Чин ва Эрон дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор баррасӣ шуд
Ҷаласаи гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии канории Қазоқистон дар Вена иштирок намуд
Дар Вена оид ба сиёсати зиддимухаддиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода шуд
Мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ доир гардид
Тарбияи ватандӯстӣ — омили муттаҳидии миллат дар мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 67-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба воситаҳои нашъадор дар Вена иштирок дорад