ТИБҚИ СУПОРИШИ ПРЕЗИДЕНТ. Гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз ВМКБ дидан кард

Июнь 25, 2022 10:37

ДУШАНБЕ, 25.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи супориши бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба ВМКБ сафар намуда, бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят шинос шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Зимни боздид гурӯҳи корӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонии Беморхонаи марказии ноҳияи Роштқалъа аз наздик шинос гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар бинои нави ин муассисаи тандурустӣ корҳои ҳамворкунӣ ва бетонрезӣ босуръат идома доранд.

Ҳамчунин дар ҷараёни сафар гурӯҳи корӣ дар ноҳияи Ишкошим бо фаъолияти беморхонаи марказӣ ва ​ рафти корҳои ободонии осоишгоҳи «Авҷ» шинос шуд.


Тибқи иттилои масъулин, чашмаи шифобахши «Авҷ» барои бемориҳои чашм, меъдаю рудаҳо ва дилу рагҳо фоидаовар мебошад.

Ҳамзамон Ҷамолиддин Абдуллозода аз рафти хизматрасонии тиббии ​ Беморхонаи марказии ноҳияи Шуғнон ба аҳолӣ ​шинос шуд.

Бояд гуфт, ки таҳти таваҷҷуҳ ва дастгириҳои​ бевоситаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини солимии аҳолӣ дар баробари дигар манотиқи мамлакат дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ низ як қатор корҳои муҳим ва назаррас ба анҷом расонида шудаанд.

 

АКС: Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

Июнь 25, 2022 10:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид