Тоҷикистон воридот, истеҳсол ва фурӯши фурӯзонакҳои каммасрафи симобдорро манъ намуд

Июнь 14, 2022 13:11

ДУШАНБЕ, 14.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон воридот, истеҳсол ва фурӯши фурӯзонакҳои каммасрафи симобдорро манъ намуд. Дар ин хусус Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли равон ба тасвиб расид, ки дар асоси он воридот, истеҳсол ва ба фурӯш баровардани фурӯзонакҳои симобдор бо рамзи «8539322001» дар қаламрави кишвар манъ карда мешавад. Ҳадафаз қабули ин санад ҷилавгирӣ аз зарари симоб ба муҳити атроф, хусусан аҳолии мамлакат мебошад.

Тавре дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини сардори Раёсати таъминоти метрологии Агентии «Тоҷикстандарт» Файзалӣ Шодмонзода гуфт, фурӯзонакҳои каммасрафи люминестентиро, ки аз соли 2009 инҷониб дар ҷумҳурӣ истифода бурда мешаванд, соҳибкорон асосан аз Русия, Чин Туркия ва Эрон ворид месозанд.

«Ҳангоми истифодабарии фурӯзонакҳои люминасентӣ — симобдори сифаташон ё баъди корношоям гардиданашон, ки онҳоро ба партовгоҳҳо мебаранд, симоб ба муҳити зист паҳн гардида, ба саломатии инсонҳо ва табиат зарар мерасонад. Баъди корношоям шудан чунин фурӯзонакҳо бояд дар ҷойҳои махсус безарар гардонида мешуданд. Мақомоти «Тоҷикстандарт» ба соҳибкороне, ки чунин навъи фурӯзонакҳоро ба ҷумҳурӣ ворид менамуданд, баъди аз санҷиш гузаронидан сертификати мутобиқат медоданд», — гуфт Файзалӣ Шодмонзода.

Тибқи иттилои мутахассиси Агентии «Тоҷикстандарт», фурӯзонакҳои каммасрафи люминестентӣ инчунин зуд корношоям гардида, муҳлати истифодабариашон тӯлонӣ нест. Фурӯзонакҳои каммасрафи нуридиҳандаи диодӣ ҳангоми пасту баланд гардидани шиддатнокии барқ тобовар буда, рушноӣ медиҳанд ва муҳлати истифодабарии онҳо тӯлонӣ аст. Фурӯзонакҳои каммасрафи диодӣ дар қиёс ба фурӯзонакҳои каммасрафи симобдор рӯшноии бештар доранд ва барқро камтар мегиранд.

Бояд тазаккур дод, ки дар радифи манъи фурӯзонакҳои каммасрафи симобдор Хукумати мамлакат ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дастур додааст, ки барои тақвияти истеҳсоли фурӯзонакҳои каммасрафи нуридиҳандаи диодӣ ва аз лиҳози экологӣ безарар дар ҷумҳурӣ тадбирҳо андешанд.

Мавриди зикр аст, ки соли 2009 Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия» ба имзо расида буд, ки ҳадафаш таъмини ҳарчи бештари аҳолӣ бо неруи барқ ва ба роҳ мондани истифодаи сарфакоронаи он, инчунин баҳрабардории васеъ аз асбоб ва таҷҳизоти каммасрафи барқӣ буд. Дар асоси ин Фармон аз 1 майи соли 2009 Тоҷикистон ба истифодаи лампаҳои каммасрафи барқӣ шуруъ намуда буд.

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 14, 2022 13:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои рушди соҳаи занбуриасалпарварӣ дар Тоҷикистон тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд
Дар Тоҷикистон наздикӣ 1000 адад гармхонаҳои доимамалкунанда фаъолият мекунанд
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд омодагии худро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои нав дар вилояти Суғд баён дошт
Бонки миллии Тоҷикистон бо IFSB омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи бонкдориро баррасӣ намуданд
Дар корхонаи муштараки «Зарафшон» 3000 нафар сокинони маҳаллӣ фаъолият менамоянд
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Швейтсария 49,8 миллион долларро ташкил дод
Дар Хоруғ Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест -2025» баргузор мешавад
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мешавад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти солонаи Шурои хизматрасониҳои молиявии исломӣ иштирок намуд
Байни Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд дар ҳаҷми 30 миллион доллари амрикоӣ созишномаи қарзӣ ба имзо расид
Гурӯҳи коршиносон ба ҷаласаи шашуми СҲШ оид ба ҳифзи муҳити зист омодагӣ мегирад
Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Тоҷикистон ба давраи тирамоҳу зимистон баргузор шуд