ТОБИСТОН БО ИСТИРОҲАТ ХУШ АСТ! Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ва оғози таътил ба рӯзи аввали ин фасл рост меоянд

Июнь 1, 2022 09:30

ДУШАНБЕ, 01.06.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз рӯзи аввали фасли тобистон аст, ки ба зеботарин ҷашн-Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ва оғози таътили мактабиён рост меояд. Дар ин рӯз кӯдакону наврасон дар фазои сулҳу субот ва якпорчагии Ватан иди худро ҷашн гирифта, ба таътили тобистона мебароянд.

Тибқи иттилои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, хонандагони синфҳои 2-11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии мамлакат ба таътили тобистона мебароянд.

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан иттилоъ дода буд, бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар давраи тобистон- аз 14 июн то 9 август 10 ҳазору 352 нафар кӯдакону наврасони пойтахт ба истироҳатгоҳҳои тобистона фаро гирифта мешаванд.

Тавре сардори Раёсати муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода иброз дошт, тибқи қарори мазкур, дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии «Зимчурӯд», «Гулхан», «Шарора» ва «Орзу» 4192 нафар кӯдакону наврасон, дар майдончаҳои истироҳатию солимгардонии назди муассисаҳои таълимӣ 6160 нафар кӯдакону наврасон ба истроҳати тобистона фаро гирифта мешаванд.

Ба зикри мавсуф, тобистон бо гармӣ,  истироҳату  меваҳои шаҳдбораш  фасли зебову дӯстдоштанист. Ҳамин аст, ки давоми соли хониш бачаҳо бесаброна таътили тобистонаро  мунтазир мешаванд ва ҳар волидайн пешакӣ бояд барои босамар ва шавқовар гузаронидан   ин давраро барои фарзандон тарҳрезӣ намоянд. Онҳо нагузоранд, ки хонандагон вақти худро  давоми се моҳ пеши телевизор ва ё бо телефонҳои мобилӣ гузаронанд. Дар ин синн бачаҳо бояд истироҳати муфид намоянд.

Мавсуф зикр намуд, ки дар давраи таътил кӯдаку наврасон бояд реҷаи муайян ва барномарезишуда дошта бошанд, чунки кӯдак тӯли сол ба реҷаи қатъии рӯз одат кардааст. Агар давоми таътил вақти холиро барномарезӣ накунад, аз моҳи сентябр дубора ба мактаб одат карданаш душвор мешавад. Ҳамчунин бачаҳо як муддат аз волидайн бояд дур бошанд, то мустақил буданро омӯзанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 1, 2022 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид