Ҳунармандони Сирки давлатии Тоҷикистон ба Узбекистон сафар намуданд

Июнь 15, 2022 13:42

ДУШАНБЕ, 15.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 15 июн то 15 июли соли равон ҳунармандони Сирки давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон барномаи ҷолиби сиркӣ пешниҳод менамоянд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,  ҳайати ҳунармандони Сирки давлатии Тоҷикистон аз  15 нафар ҳунармандони бомаҳорат,  аз қабили Мастона Собирзода, Шокир Болтаев, Вафоҷон Иззатуллоев, Алмос Илёсов, Солеҳ Юсупов, Идибек Киромиддинов, Қурбоналӣ Ҳалимов, Шаҳноза Ҷабборова, Ануша Ҳусейнзода  иборат буда, онҳо  барномаи ҷолиби сиркиро пешниҳоди тамошибони кишвари ҳамсоя менамоянд.

Ҳунармандон дар намуди  акрабатика, гимнастика, ромкунии ҳайвонот, эквилибристика баромад намуда, ҳунару истеъдоди худро ба мухлисону ҳаводорони сирк намоиш медиҳанд.

АКС: Вазорати фарҳанг ҶТ

Июнь 15, 2022 13:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст