«Ваҳдати миллӣ-кафили рушди устувори давлат». Таҳти чунин унвон ҳамоиш баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 03.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 2 июн бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба 25-солагии ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ-кафили рушди устувори давлат» Конференсияи илмӣ-адабӣ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ хабар доданд, дар ҳамоиш роҳбарияти ҲХДТ, роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, роҳбарони кумитаву ташкилоти ҳизбӣ ва собиқадорони ҳизб иштирок намуданд.
Зимни ҳамоиш роҳбари дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Абдураҳмон Хонзода вобаста ба ваҳдатофарию ваҳдатсозии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки «Ваҳдати миллӣ падидаи воқеан мураккаби иҷтимоиест, ки баёнгари сатҳи ташаккули миллӣ буда, дар ҷавҳари миллат тағйироти сифатӣ ва тавонмандии рақобатпазирӣ ба вуҷуд меоварад ва афроди миллатро муттаҳиду неруҳои зеҳниву ҷисмии онҳоро барои ҳифзи манофеи миллӣ ва расидан ба ҳадафҳои умумӣ мутамарказ карда, миллатро ҳамчун низоми иҷтимоӣ ва сиёсӣ ташаккул медиҳад».
Зикр гардид, ки миллат дар ҳар марҳилаи таърихӣ ва таҳаввули худ вобаста ба муҳиту шароит ва мушкилоти дохиливу хориҷӣ ба вазъиятҳои хосе дучор мешавад, ки бояд аз онҳо ба хотири рушду пешрафт ва ё ҳадди ақалл барои ҳифзи мақом ва бақои хеш роҳи раҳоиро дарёфт кунад.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам вобаста ба «Нақши Пешвои миллат дар таҳкими Ваҳдати миллӣ» ибрози андеша намуда, гуфт, ки «Ваҳдати миллӣ ягонагии тамоми қишрҳо, ниҳодҳо ва неруҳоеро дар назар дорад, ки дар ҳудуди зисти ин ё он миллат фаъолият менамоянд. Ҳақиқатан ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукмфармост, он давлат ба мисли гулҳои баҳори рӯз то рӯз шукуфта, иқтисодиёташ дараҷа ба дараҷа меафзояд, аз ҷиҳати фарҳангӣ ва сиёсӣ пеш меравад».
Зикр гардид, ки ташаккули сулҳу ваҳдат, худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва шаъну шарафи шаҳрвандии тоҷикон яке аз заминаҳои мустаҳками давлатдории миллӣ ва сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишвар воситаи боэътимоди рушди давлати демократӣ мебошад.
Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб ваҳдатро беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву ормон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумуи даврон, ҳастии инсон дар ҳар замину замон медонад. «Ваҳдат ва сулҳи умумибашарии Тоҷикистон ва ҷонибдории мамлакатҳои ҳамзамони берунмарзӣ мавқею мақоми онро дар миқёси ҷаҳон овозадор менамояд. Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омўзиши Созмони Милали Муттаҳид ва бисёр ташкилоти олам гардидааст. Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гӯё пандест аз гузаштаи дуру пешрафти маънавиёти кишвар. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем»,- иброз дошт М.Ғоиб.
АКС: КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ








Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид






