ВАРЗИШИ САБУК. Варзишгарони тоҷик дар Тошканд 12 медал ба даст оварданд
ДУШАНБЕ, 06.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 4-5 июн дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон 4-ум Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба варзиши сабук ба хотираи Геннадий Арзуманов баргузор шуд, ки дар он варзишгарони тоҷик сазовори 12 медал, аз ҷумла 3 тилло, 5 нуқра, 4 биринҷӣ гардиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар мусобиқаи анъанавӣ варзишгарон аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон ширкат намуданд. Варзишгарони мо маҳорати баланд нишон дода, сазовори 12 медал гардиданд. Иштирокчии Бозиҳои олимпии Токио-2020 Илдар Аҳмадиев дар масофаи 100 метр миёни мардҳо (10.37) медали тилло, дар ҷаҳиш ба дарозӣ (7.59) медали нуқра ба даст овард. Дар масофаи 200 метр Фаворис Музрапов (21.71) якум шуд. Ӯ ҳамчунин дар масофаи 100 метр (10.66) ҷои дуюмро гирифт.
Леонид Пронженко дар масофаи 400 метр бо монеаҳо (53.12) сазовори медали тилло, дар масофаи 110 метр бо монеаҳо (14.98) сазовори медали нуқра шуд. Дар масофаи 400 метр бо монеаҳо Муҳаммадризо Мирзозода (55.28) медали нуқра ба даст овард.


Марафончии тоҷик Раҷабмо Абдуллоева миёни бонувон дар масофаи 5000 метр (18:55.50) дуюм, дар масофаи 10000 метр (40:24.55) сеюм шуда ба марра расид.
Дар масофаи 10000 метр миёни мардҳо Меҳробҷон Одинаев (31:48.73) медали бинринҷӣ ба даст овард. Ду медали биринҷии дигарро Зикрилло Турахонов дар найзапартоӣ (53.66) ва тими Тоҷикистон дар эстафетаи омехтаи 4х400 метр (3:40.59) сазовор шуданд.
АКС: КМО Тоҷикистон
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд






