27 июл Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Агентии хоҷагии ҷангал, МД «Тоҷикфилм» нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд
ДУШАНБЕ, 26.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. 27 июл оид ба ҷамъбасти фаъолият дар шаш моҳи аввали соли 2022 Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.
Нишасти матбуотии МД «Тоҷикфилм» соати 09:00 дар МД «Тоҷикфилм» баргузор мегардад.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ нишасти матбуотиро соати 11:00 дар маҷлисгоҳи Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ доир менамояд.
Нишасти матбуотии Агентии хоҷагии ҷангал соати 14:00 дар Агентии хоҷагии ҷангал барпо мешавад.
Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бояд бо АМИТ «Ховар» тавассути телефонҳои 238-52-23, 888-08-34-04 мувофиқа намоянд.
Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки нишастҳои матбуотӣ мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 доир карда мешаванд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Президенти Тоҷикистон: «Ватани азизи худро сидқан дӯст дорем, ба таърих, забон, фарҳанг ва дигар арзишҳои миллӣ арҷ гузорем»
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ НАЗМ. Дар Тоҷикистон дар ин рӯз базмҳои наврӯзии шеъру суруд баргузор мешаванд
Сарвари давлат: «Ҷанбаи умдаи ҷашни Наврӯз дасти кумак дароз кардан ба ниёзмандон ва хурсанд кардани дили ятимон аст»
РӮЗИ ФАРҲАНГ ДАР ТОҶИКИСТОН. Фарҳанг оинаи гузашта ва роҳнамои фардои миллат аст
Китоби нави академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид






