Алиризо Баҳромов дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштин медали нуқра ба даст овард

Июль 5, 2022 09:49

ДУШАНБЕ, 05.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзи ниҳоии Чемпионати Осиё оид ба гӯштин миёни наврасони то 15-сола варзишгари тоҷик Алиризо Баҳромов медали нуқра ба даст овард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Алиризо дар вазни -68кг-и гуштини тарзи озод дар ду давр бар варзишгарони Қирғизистон (Элхан Эрмеков) ва Қазоқистон (Ербол Маратулӣ), инчунин дар нимфинал бар варзишгари Ҳиндустон (Нишант Руҳил) ғалаба карда, ба финал баромад. Ӯ дар финал аз варзишгари Эрон Ризо Алиакбар Афшор мағлуб гардида, сазовори медали нуқра шуд.

Варзишгари дигар, бародари Алиризо, Идрис Баҳромов дар вазни — 48 кг гӯштин гирифт, вале аз медал бенасиб монд.

Чемпионати Осиё оид ба гӯштин миёни наврасон (U15) ва ҷавонон (U20) дар шаҳри Манамаи Баҳрайн то 10 июл идома меёбад.

Қувваозмоиҳо миёни наврасон ба анҷом расид.

Шуруъ аз имрӯз, 5 июл то 10 июл қувваозмоиҳо миёни ҷавонон баргузор мешавад. Дар ин синну сол кишвари моро се варзишгар — Фирӯз Мирзораҷабов (-60кг), Шероз Очилов (-72 кг) дар гўштини юнонӣ-римӣ ва Саидасан Ашрафхонов (-74) дар гӯштини озод намояндагӣ мекунанд.

АКС: КМО Тоҷикистон

Июль 5, 2022 09:49

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд