ҲАМЁНҲО ИНТЕРНЕТӢ МЕШАВАНД. Дар Тоҷикистон ҳиссаи пардохтҳо тавассути кортҳо ва ҳамёнҳои электронӣ тақрибан ду баробар афзоиш ёфтааст

Июль 25, 2022 12:42

ДУШАНБЕ, 25.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳаҷми пардохтҳои ғайринақдӣ дар гардиши савдо ва чаканаи Тоҷикистон дар шашмоҳаи аввали имсол нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 қариб ду баробар афзоиш ёфтааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) хабар доданд.

Тибқи маълумоти БМТ, дар моҳҳои январ-июни соли 2022 муассисаҳои савдо ва хизматрасонии кишвар ба маблағи 2,9 миллиард сомонӣ пардохтҳои ғайринақдӣ (бо кортҳои пардохтӣ ва ҳамёнҳои электронӣ) қабул намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум  96,9 фоиз зиёд мебошад. Бо истифода аз кортҳои пардохтӣ ва ҳамёнҳои электронӣ дар нимсолаи аввал 14,3 миллион амалиёт анҷом дода шуд.  Ин омор дар қиёс ба моҳҳои январ-июни соли гузашта 31,2 фоиз зиёд мебошад.

Тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон,  ин нишондиҳанда зарфи солҳои охир мунтазам афзоиш ёфта, ҳаҷми як амалиёт бо истифода аз кортҳои пардохтӣ ва ҳамёнҳои электронӣ ба ҳисоби миёна 203 сомониро ташкил медиҳад. Ин бо назардошти вазъияти кунунии иҷтимоию иқтисодии мамлакат маблағи хеле калон — кариб ба нафақаи миёна ва сеяки ҳадди ақалли музди кори мамлакат баробар аст.


Дар ҳамин ҳол, ба гузориши Бонки миллии Тоҷикистон, 89,1 фоизи муомилот бо кортҳои пардохтӣ ва ҳамёнҳои электронӣ ба гирифтани пули нақд рост меояд. Ҳиссаи амалиёти гирифтани пули нақд дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ҳамагӣ 1,2 банди фоизӣ кам шудааст.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» иттилоъ дода буд, теъдоди умумии ҳамёнҳои электронии  ташкилоти қарзии Тоҷикистон дар оғози соли 2021  то 1,7 миллион адад зиёд гардида буд. Ҳамин тариқ, шумораи ҳамёнҳо соли 2020 нисбат ба соли 2019  4,9 маротиба ё 1,4 миллион адад афзоиш ёфтааст.


Шумораи умумии кортҳои пардохтии бонкии дар муомилотбуда  дар аввали шашмоҳаи дуюми соли 2022  4,2 миллион ададро ташкил дод. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 28 фоиз зиёд аст.  Теъдоди ҳамёнҳои электронӣ тақрибан 5 миллион ададро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 70 фоиз зиёд мебошад. Хотиррасон мекунем, ки афзоиши умумии пардохтҳои ғайринақдӣ дар саросари ҷаҳон мушоҳида мешавад. Тибқи пешгӯиҳои Worldpay, паҳншавии пардохтҳо тавассути ҳамёнҳои электронӣ  идома хоҳад ёфт: масалан, ҳангоми харидани мол дар мағозаҳои ҷисмонӣ, ҳиссаи онҳо дар  соли 2022  18 дарсад ва дар сурати тиҷорати онлайн 11 дарсад афзоиш хоҳад ёфт. Ин усули пардохт тақрибан нисфи тамоми пардохтҳои онлайниро дар соли 2022 ва беш аз чоряки пардохтҳоро дар мағозаҳои одӣ  ташкил медиҳад.

Худи тиҷорати онлайн дар ин давра ба ҳисоби миёна дар як сол 19 фоиз афзоиш меёбад. Дар ҳамин ҳол, паҳншавии усулҳои нав дар кишварҳои гуногун нобаробар аст — масалан, сокинони Олмон ҳоло ҳам аксар вақт бо пули нақд пардохт мекунанд, дар Амрико пардохт маъмулан ба таври анъанавӣ тавассути чекҳо ва кортҳои қарзӣ сурат мегирад.

Усулҳои нави пардохт махсусан дар минтақаи Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором фаъоланд: ҳоло ҳиссаи ҳамёнҳои электронӣ дар сурати харид дар мағозаҳои интернетӣ 52 фоиз ва дар мағозаҳои  одӣ 27 фоизро ташкил медиҳад. То соли 2022 ин саҳмияҳо бояд мутаносибан 66 фоиз  ва 42 фоиз афзоиш ёбанд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

 

Июль 25, 2022 12:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи таъсиси мақомоти гумрук дар Душанбе маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Ширкати «ACWA Power» дар доираи татбиқи тарҳи энергетикӣ дар Тоҷикистон неругоҳи офтобӣ месозад
22 ЯНВАР — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ГУМРУК. Таъмини амнияти иқтисодии Тоҷикистон рисолати асосии ин мақомот аст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1197 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Форуми иқтисодии СПЕКА нишондиҳандаҳои гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки аврупоии сармоягузорӣ дар соҳаи гидроэнергетика тақвият меёбад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8500 то 10.9425 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар «Тоҷикаэронавигатсия» масъалаи муқовимат ба коррупсия баррасӣ карда шуд
Барои татбиқи лоиҳа оид ба ҷорӣ намудани нақлиёти ҷамъиятии барқӣ дар Хатлон созишномаҳои қарзӣ ва грантӣ ба имзо расиданд
Дурнамои ҳамкории иқтисодӣ ва афзоиши гардиши савдои Тоҷикистон ва Британияи Кабир баррасӣ гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» татбиқи лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ бо сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.3232 то 9.3600 сомонӣ муқаррар шудааст