Ба Тоҷикистон аз аввали маъракаи эмгузаронӣ бар зидди КОВИД-19 беш аз 15 миллиону 157 ҳазор воя ваксина ворид гардидааст

Июль 10, 2022 10:07

ДУШАНБЕ, 10.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Механизми COVAX аз аввали маъракаи  эмгузаронӣ бар зидди КОВИД-19 беш аз 15 миллиону 157 ҳазор воя ваксина ворид гардидааст, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат.

Гуфта шуд, ки дар давоми шаш моҳи соли равон ба кишвар 1 млн 987 ҳазору 440 воя ваксинаи «Модерна», 897 390 воя ваксинаи «Пфайзер» ва 1 002800 воя ваксинаи «АстраЗенека» ворид шуданд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи январи соли 2022   эмгузаронӣ бо вояи 3-юми ваксинаҳои зидди сирояти КОВИД-19 дар байни аҳолӣ оғоз гардид. То имрӯз вояи аввали ваксина ба  5 263 527 нафар (94,0%),    вояи дуюм ба   5 158 348 нафар (92,2%)  ва  вояи сеюм ба  4 104 007 нафар (73,3%)  аҳолии кишвар гузаронида шуданд.

Тавре қаблан профессори кафедраи ДДТТ Саидбек Сатторов ба АМИТ «Ховар» иброз дошта буд, роҳи асосии пешгирии COVID-19 ваксинатсия мебошад. Пас аз 21 рӯзи вояи якуми  ваксина,  вояи дуюм ворид карда мешавад. Вақте ки бори  якум ваксина гузаронида мешавад,  бадан бо вирус «шинос» мегардад. Дар ҳолати такроран ваксина кардан дар организм якбора миқдори зиёди подтанҳо пайдо  шуда, масуният пурқувват мешавад. Ин масуният то 6 моҳ қобилияти мубориза бурдан бо бемориро дорад. Пас аз 6 моҳ масуният паст мегардад ва дар ин ҳолат зарурати гузаронидани реваксинатсия ба миён меояд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 3 июли соли равон ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус барои шаҳрвандони аз 18-сола болои мамлакат ҳатмӣ мебошад. Нафароне, ки ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус нагирифтаанд, ҳатман ба табибони оилавӣ ва ё ба муассисаҳои тандурустии маҳали зисташон муроҷиат намоянд. Ваксина ба шаҳрвандони мамлакат тариқи ройгон гузаронида мешавад.

Имрӯзҳо сокинони мамлакат бо масъулияти баланд баҳри ҳифзи саломатии худ ва наздиконашон ба муассисаҳои тандурустии маҳалли зист муроҷиат намуда, ваксинаи зидди ин беморӣ гирифта истодаанд.

АКС аз бойгонӣ

Июль 10, 2022 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2026 шаш санади меъёрии ҳуқуқӣ мавриди омӯзишу таҳлил қарор гирифт
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳолати риоя накардани талаботи қонуни танзими ҷашну маросим 74 адад зиёд шудааст
Бо ташаббуси ҲХДТ беш аз сад нафар кӯдак ба лагерҳои истироҳатию фароғатӣ сафарбар шуданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ низоми нави андозбандии электронӣ баррасӣ шуд
Имсол теъдоди муассисаҳои фарматсевтӣ ва дорухонаҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 61 адад зиёд гардидааст
Дар ноҳияи Фирдавсӣ 3244 нафар ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қабул гардиданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли равон дар Мастчоҳ, Исфара ва Хуҷанд биноҳои нави тандурустӣ мавриди истифода қарор дода шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар соҳаи тандурустӣ навовариҳо амалӣ гардиданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаш моҳи соли равон шумораи хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби занон афзоиш ёфтааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ беш аз 31 ҳазор иншоот ба истифода дода шуд
Беш аз 2970 нафар дар асоси иҷрои Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи авф» ба озодӣ баромаданд
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо Раиси Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Давлати Қатар вохӯрӣ намуд