БУНЁДИ МУДОФИАВӢ БА ХОТИРИ ҲИФЗИ СУЛҲ ДАР ҶАҲОН. 1 август Артиши мардумии озодихоҳи Чин солгарди 95-уми таъсиси худро таҷлил менамояд

Июль 31, 2022 12:52

ДУШАНБЕ, 31.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бузургтарин қувваҳои мусаллаҳи ҷаҳон — Артиши мардумии озодихоҳи Чин (АМОЧ) рӯзи душанбе, 1 август 95-умин солгарди таъсиси худро таҷлил менамояд. Дар ин рӯзи соли 1927 беш аз 30 ҳазор  сарбозону афсарон дар Нанчан ба муқобили Чан Кайши шӯриш бардошта, ба тарафи Ҳизби коммунистии Чин гузаштанд. Дар робита ба ин, Рӯзи таъсисёбии  Артиши мардумии озодихоҳ аз соли 1933 инҷониб бо қарори Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Чин ҳамасола 1 август ҷашн гирифта мешавад.

Тавре полковники калон, Атташеи мудофиа дар Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ян Бо дар мақолааш, ки дар бахши русии сомонаи АМИТ «Ховар» 28 июли соли равон нашр шудааст, зикр намудааст, давоми 95 сол Артиши мардумии озодихоҳ хамчун қувваи мусаллаҳи мардумӣ таҳти роҳбарии Ҳизби коммунистии Чин барои истиқлолият, амният ва эҳёи миллӣ, беҳбудии рӯзгори мардум, пойдории сулҳу субот ва рушд дар тамоми ҷаҳон қаҳрамонона мубориза бурда, саъю кӯшишҳои доимӣ ба харҷ дод.

Атташеи мудофиаи Сафорати Чин тазаккур медиҳад, ки дар ҷаҳони муосир тағйироти бемисл ва эпидемияи бесобиқа бо ҳам печидаанд, бозии бузурги абарқудратҳо ва низоъҳои минтақавӣ паиҳам ба миён меоянд, сулҳу субот дар саросари ҷаҳон бо чолишҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ мешаванд.

«Дар маросими ифтитоҳи Форуми Осиё-2022 дар Боао Раиси ҶМЧ Си Ҷинпин бори нахуст «Ташаббуси амнияти ҷаҳонӣ»-ро пешбарӣ кард, ки боиси сару садоҳои зиёд дар ҷомеаи ҷаҳонӣ гардид. Консепсияи асосии Ташаббус «Шаш принсип»-ро дар бар мегирад: риоя кардани консепсияи амнияти умумӣ, маҷмӯӣ, муштарак ва устувор; ба ҷо овардани принсипҳои эҳтироми сохибихтиёрӣ ва тамомияти арзӣ; қатъан риоя намудани мақсаду принсипҳои Оинномаи СММ; таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир кардан ба ташвиши ҳар як кишвар оид ба таъмини амният; ҳал намудани ихтилофот ва баҳсҳои байнидавлатӣ бо роҳи осоишта тавассути муколама ва гуфтушунид; муносибати маҷмӯӣ намудан ба масъалаҳои бехатарии анъанавӣ ва ғайрианъанавӣ», — менависад муаллиф.

Бино ба зикри ӯ, ин Ташаббуси муҳим ба саволи он, ки ҷаҳон ба кадом консепсияи амният ниёз дорад ва кишварҳо чӣ гуна ба амнияти умумӣ ноил шуда метавонанд, возеҳу равшан ҷавоб медиҳад.  Ин ташаббус ҳикмати амиқи Чинро барои бартараф кардани норасоии сулҳ дар ҷаҳони муосир овард ва барои ҳалли масъалаҳои амнияти ҷаҳонӣ комилан «усули нави чинӣ» фароҳам овард.

Ба таърих назар карда, гуфтан мумкин аст, ки Артиши мардумии озодихоҳи Чин роҳи бузурги рушдро тай кардааст. Ба давраи нав ворид шуда, муодифиаи миллӣ ва низомии Чин таҳти роҳбарии Си Ҷинпин ба пешрафти таърихӣ ноил гардид. Соли 2015 Си Ҷинпин эълон кард, ки шумораи Артиши мардумии озодихоҳи Чин ба 300 000 нафар ва шумораи умумии низомиён то 2 миллион нафар кам карда мешавад. Низоми муосири қувваҳои мусаллаҳи дорои хусусияти чинӣ мутобиқ ба принсипҳои умумӣ сохта шудааст: «Идораи умумиро Шӯрои марказии ҳарбӣ амалӣ мекунад, минтақаҳои фармондеҳии ҳарбӣ барои гузаронидани амалиёт ва қисмҳои ҳарбӣ барои сохтмон масъул мебошанд». Дар баробари ин сатҳи истеҳсоли яроқу аслиҳа ва техникаи артиш бемисл баланд гардид. Шумораи зиёди аслиҳа ва техникаи нав, аз қабили танкҳои сабуки «Type 15», чархболҳои «Z-20», киштиҳои ҳавопаймобари Флоти баҳрӣ, эсминетсҳои вазнашон 10 000 тонна, ҳавопаймоҳои қиркунандаи муосири қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии «J-20» ва мушакҳои баллистикии силсилаи «Dongfeng» пайдо шуданд.

Дар робита бо муносибатҳои Чин ва Тоҷикистон муаллиф зикр кардааст, ки равобити қувваҳои мусаллаҳи ду кишвар ҷузъи муҳими муносибатҳои дуҷониба маҳсуб мешавад. Солҳои охир артишҳои Чин ва Тоҷикистон пайомадҳои эпидемияи коронавирусро паси сар карданд ва ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф густариш меёбад, ки ин ба рушди шарикии ҳамаҷонибаи стратегии сатҳи баланди ду кишвар мусоидат менамояд.

Роҳбарони баландпояи ҳарду артиш равобити зич доранд.

Узви Шӯрои марказии ҳарбии Чин ва сардори Ситоди муштараки он генерал-полковник Ли Тсочэн, муовини раиси Шӯрои марказии ҳарбии Чин генерал-полковник Сюй Тсилян ва узви Шӯрои давлатӣ — Вазири мудофиа, генерал-полковник Вей Фэнхэ ба Тоҷикистон ташриф оварда, бо Вазири мудофиа генерал-полковник Шералӣ Мирзо ва дигар роҳбарони артиши Тоҷикистон мубодилаи афкори густурда ва пурмазмун анҷом доданд. Робитаҳои зич, сатҳи баланди эътимод ва ҳамкории роҳбарони  баландпояи  ҳарду артиш ба рушди ҳаматарафаи муносибатҳои дӯстона мусоидат мекунанд. Ҳамкории амалии қувваҳои мусаллаҳи ҳарду давлат вусъат меёбад. Ҳарду давлат ба ин ҷанба таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамоянд. Чин ба артиши Тоҷикистон кумаки бузурги низомӣ расонида, теъдоди зиёди афсаронро омода менамояд ва дар таҷдиди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳифзи амнияту суботи миллӣ мусоидати назаррас мекунад.

Ҳамзамон Тоҷикистон ба Чин дар масоили марбут ба манофеи аслии Чин, бахусус дар мубориза бо «Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ» ва дигар «се қувваи бадӣ»-и минтақавӣ (терроризми байналмилалӣ, экстремизми динӣ, сепаратизми миллӣ) пуштибонии қавӣ намуда, ҳамкории фаъол дорад. Машқҳои якҷояи ҳарду артиш натиҷаҳои назаррас нишон доданд.

Қувваҳои мусаллаҳи Чин ва Тоҷикистон бо риояи консепсияи бунёди муштараки «ҷомеаи амниятӣ» борҳо машқҳои низомии муштараки зиддитеррористиро баргузор намуда, усулҳои мубориза бар зидди терроризмро дар минтақа якҷоя баррасӣ мекунанд, то ба таври самарабахш бархӯрди «се қувваи бадӣ» дар минтақа боздошта шавад.

Чину Тоҷикистонро кӯҳу рӯдҳо ба ҳам пайваста, ҳамсояҳои наздик ва шарикони боэътимод мебошанд. Рушди босуръати равобити Чину Тоҷикистон на танҳо ҷавобгӯи манофеъи куллии ҳарду давлат ва мардуми ду кишвар аст, балки барои шукуфоӣ ва суботи минтақа ва дар маҷмӯъ ҷаҳон аҳамияти бузург дорад.

Дар охир Ян Бо иброз доштааст, ки кишвараш омода аст бо Тоҷикистон барои тамаркуз ба кори дастҷамъӣ, дарки вазъи умумӣ, таҳкими равобити стратегӣ, мусоидат ба ҳамкории мудофиавӣ, муборизаи муштарак бо таҳдидҳои минтақавӣ ва бунёди ҷомеаи амниятӣ миёни Чин ва Тоҷикистон ҳамкорӣ  намояд.

АКС: twitter.com

Июль 31, 2022 12:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон якчанд ноҳия даъвати баҳориро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст намуданд
Дар шаҳри Бӯстон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд
Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризму экстремизм яке аз давлатҳои пешсаф аст
10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд
Байни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мактаби шуҷоату мардонагӣ аст
ТЕРРОРИЗМ ЧИСТ? ТЕРРОРИСТ КИСТ? Чаро як фард тамоми арзишҳои инсониро канор гузошта, ба ин роҳи манфур меравад?
Дар Истаравшан гурӯҳи нахустини ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайваст
Дар Душанбе масъалаи татбиқи марҳилаи дуюми низоми «Шаҳри бехатар» баррасӣ шуд
Дар Суғд нахустин гурӯҳи даъватшавандагонро ба таври тантанавӣ ба хизмати ҳарбӣ гусел намуданд
Ҷавонписарони сарбаланди шаҳри Роғун хизмат дар сафи Артиши миллиро барои худ шараф медонанд
Модарони ноҳияи Варзоб фарзандонашонро бо дуои нек ба хизмати Ватан-Модар гусел намуданд