ЧАРО АҲОЛИИ ТОҶИКИСТОН МЕАФЗОЯД. Вазири адлия омилҳои асосии ба ин таъсиркунандаро, ки қаблан коршиноси АМИТ «Ховар» номбар карда буд, тасдиқ намуд
ДУШАНБЕ, 16.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар дода будем, Вазири адлияи Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён, дирӯз, 15 июл дар нишасти матбуотӣ зикр кард, ки дар 6 моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 111 ҳазору 500 кӯдак таваллуд шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6% бештар мебошад.
Ба гуфтаи ӯ, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ бо афзоиши шумораи таваллуд теъдоди ками фавт ба қайд гирифта шуд. Дар давраи ҳисоботӣ 16,3 ҳазор нафар фавтидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5% камтар аст. Дар 30 соли охир аҳолии Тоҷикистон аз 5,5 миллион ба 9,8 миллион нафар расид, яъне 1,8 баробар зиёд шуда, дар соли 2022 ба 10 миллион нафар мерасад.
Музаффар Ашӯриён тахмин кард, ки сабаби боло рафтани давомнокии умр дар Тоҷикистон чӣ метавонад бошад.
«Ин аз тамоюли мусбат ба рушди иқтисод, коҳиши маргу мири кӯдакон ва аҳолии қобили меҳнат, коҳишёбии истеъмоли машрубот ва тамоку, муборизаи муваффақона бо бемориҳои дилу раг ва кам шудани куштору худкушӣ вобаста мебошад», — тазаккур дод Вазири адлияи ҶТ.
Ёдовар мешавем, ки қаблан омилҳоеро, ки ба афзоиши аҳолии Тоҷикистон таъсир мерасонанд, коршиноси АМИТ «Ховар», ходими калони илмии шӯъбаи геронтология ва ҳифзи иҷтимоии пиронсолони Муассисаи давлатии «Институти илмӣ-тадқиқотии тиббию иҷтимоии экспертиза ва тавонбахшии маъюбон», саргеронтологи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, узви Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои тиб Саодат Камолова низ номбар карда буд.
«Давомнокии умр дар Тоҷикистон меафзояд ва ин хуб аст, — гуфт С. Камолова дар мусоҳиба бо хабарнигори мо моҳи апрели соли ҷорӣ. — Ин ҳам нишондиҳандаи болоравии сатҳи зиндагии мардум аст».
Бо истинод ба маълумоти пажӯҳишҳои СММ саргеронтологи Тоҷикистон сабабҳои дигари эҳтимолии зиёд шудани умри инсонро чунин номбар кард: рушди иқтисодӣ; коҳиш ёфтани фавти кӯдакон; кам шудани фавт дар байни аҳолии қобили меҳнат; кам гардидани истеъмоли машрубот ва тамоку; «инқилоби дилу рагҳо» (муборизаи бомуваффақият бар зидди бемориҳои дил ва рагҳои хун, аз ҷумла инсулт); кам шудани шумораи куштор ва худкушӣ.








Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид






