Дар назди Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон клиника ба фаъолият оғоз менамояд

Июль 28, 2022 11:37

ДУШАНБЕ, 28.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. Аввалин маротиба дар таҷрибаи донишгоҳу донишкадаҳои олии мамлакат моҳи сентябри соли 2022 дар назди Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон клиникаи наздидонишкадавӣ (Маркази клиникӣ, илмӣ, таълимӣ) ба фаъолият оғоз менамояд. Дар ин клиника баробари корҳои табобати беморон, ҳамзамон донишҷӯён дарсҳои амалӣ ва клиникии худро тибқи талаботи нақша ва барномаҳои таълимӣ ба роҳ мемонанд, иттилоъ доданд роҳбарияти донишкадаи мазкур ба хабарнигорон зимни нишасти матбуотӣ.

Ба зикри Ректори донишкада Зарина Ибодова, клиникаи мазкур аз шаш ошёна ва шаш шуъба иборат буда, дар он беҳтарин мутахассисон ва донандагони риштаи тиб ҷарроҳии пластикии кӯдакона гузаронида, бемориҳои дандонпизишкӣ ва ғайраро табобат менамоянд.

Донишкада дар 5 факултет аз рӯи 5 самт: психологияи тиббӣ, кори иҷтимоӣ, кори табобатӣ, фармасевтӣ ва стоматологӣ мутахассисони соҳаи тиб ва иҷтимоӣ омода менамояд.


Тазаккур дода шуд, ки бо мақсади омода намудани мутахассисони ба талаботи меҳнат ҷавобгӯ донишкада бо якчанд муассисаҳои олии мамлакат созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида, дар асоси он табодули таҷриба менамояд. Аз ҷумла, бо Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Академияи тиббии техникии Русия, Донишгоҳи Хансаи Малайзия (Maxca University) ва ширкати Гэатару Медиа дар самти таҳсил, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, табодули таҷрибаи донишҷӯён, ҳайати профессорону омӯзгорони донишкада ва дигар самтҳои соҳаи тиб ҳамкории дуҷониба ба роҳ мондааст.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 28, 2022 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад