Дар ноҳияи Ашт лоиҳаи ҳамкорӣ бо соҳибкорони Италия барои коркарди ришта аз нахи пахта мавриди баррасӣ қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 22.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода соҳибкорони Италия — сармоягузори ширкати «Ҷавонӣ» дар шаҳри Хуҷанд Имерио Таккелла ва Лаура Таккелларо ба ҳузур пазируфт. Ҷонибҳо вобаста ба густариши ҳамкории дуҷониба оид ба коркарди нахи пахта, истеҳсоли сару либос ва коркарди ришта мулоқоти судманд анҷом доданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Ашт.
Шӯҳрат Муҳаммадзода иброз дошт, ки «мо омодаем барои муҷаҳҳазсозии коргоҳҳои ноҳия бо таҷҳизоти муосири коркарди нахи пахта ҳамкорӣ намоем».
Имерио Таккелла тазаккур дод, ки ба коркарди ришта аз нахи пахта ҳавасманд аст ва пас аз омода шудани лоиҳаи ҳамкорӣ корҳои истеҳсолиро ба роҳ мемонанд.
Раиси ноҳия меҳмононро бо ҷараёни сохтмони корхонаи ҷӯроббофӣ бо 200 ҷойи корӣ, корхонаи истеҳсоли пахтаи ҶДММ «Рахшона», нашъунамои пахта ва рушди моҳипарварӣ дар ҳудуди ноҳия шинос намуд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Ашт








«Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2026–2030» 31,2 фоиз иҷро гардид
Дар Тоҷикистон 7136 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин бартараф карда шуд
Ҳамкории БАТР бо Тоҷикистон дар соҳаи энергетика тақвият меёбад
Дар Нозироти андози шаҳри Ваҳдат 804 субъекти хоҷагидори амалкунанда сабти ном шудааст
Дар Душанбе Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал баргузор шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст
Дар шаҳри Норак Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии «Ганҷинаи хатлон» баргузор гардид
Мутахассисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд






