Дар Швейтсария дастовардҳои Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон арзёбӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 18.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода дар доираи сафари корӣ ба Конфедератсияи Швейтсария бо сардори бахши ҳуқуқи инсони Котиботи давлатии Вазорати корхои хориҷии Швейтсария хонум Жани Пияжет мулоқот анҷом дод. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ Умед Бобозода дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти ҳуқуқи инсон арзёбӣ намуда, вобаста ба масъалаҳои ташкил ва фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ибрози назар намуд.
Ҷонибҳо ҳамзамон масоили вазъи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои гуногун ва тақвияти ҳамкории дуҷониба дар соҳаи ҳуқуқи инсонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ёдовар мешавем, ки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода бо мақсади тақвият додани ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори Созмони Милали Муттаҳид ва инчунин анҷом додани мулоқоту суҳбатҳои судманд бо масъулини соҳаи ҳуқуқи инсони Конфедератсияи Швейтсария бо сафари корӣ дар ин давлат қарор дорад.
АКС: Хадамоти матбуоти ВҲИ








Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд






