Дар Восеъ бахшида ба Рӯзи маъюбон ба кўдакони имконияти маҳдуддошта кумакҳои яквақта расонида мешаванд

Июль 8, 2022 14:11

ВОСЕЪ, 08.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи маъюбон ва пиронсолон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ ба 41 нафар кӯдакони имконияти маҳдуддоштаи Маркази тавонбахшии «Ситора» ва ба чанд оилаи маъюб туҳфаҳо ва кӯмаки яквақтаина расонида шуд.

Тавре хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, Раиси ноҳияи Восеъ Ҷамшед Шарифзода ба кӯдакони имконияти маҳдуддошта туҳфаҳо тақдим намуда ба кормандони ташкилоти ҷамъиятии «Баракати Хоҷамуъмин» баҳри нигоҳубин ва табобати ин қишри ҷомеъа изҳори минатдорӣ намуд.

Роҳбарияти ноҳия дар ин рӯз ба хонаҳои чанд нафар аз маъюбон рафта, ба онҳо кӯмаки яквақта,  аз ҷумла орду биринҷ, шакару равған ва дигар маводи хӯрока дастрас намуд. Онҳо барои ин ғамхориҳо минатдории хешро ба роҳбарияти олии кишвар баён карданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бо супориши раиси ноҳия дар ҷамоатҳои деҳот ва маркази шаҳрак ба ҳамаи маъюбон кӯмакҳои яквақта расонида мешавад.

Гуфта шуд, ки дар ноҳияи Восеъ Муассисаи давлатии «Хона-интернати беморони рӯҳӣ» фаъолият мекунад, ки дар он  220 нафар беморон ба табобат фаро гирифта шудаанд. Бахшида ба рӯзи маъюбон кормандони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сарпарастии муассисаро ба ӯҳда дорад  ба ин беморхона орду равған, шакару биринҷ, гушт, маводи шустушуӣ, антисептики ва таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ дастрас карданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 8, 2022 14:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд