Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол ба Арабистони Саудӣ рафт

Июль 12, 2022 08:29

ДУШАНБЕ, 12.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) барои баргузории  бозиҳои дӯстона бо ҳамсолони худ аз Арабистони Саудӣ, ки 14 ва 16 июл баргузор мешаванд, дирӯз  ба шаҳри Абҳа сафар кард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Сармураббии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Аҳлиддин Турдиев барои ин бозиҳо 23 бозигар – 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагарро даъват кардааст.

Ҳайати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) барои бозиҳои дӯстона бо тими миллии Арабистони Саудӣ:

Дарвозабонҳо: Суҳробхӯҷа Юсупов («Хуҷанд»), Сафармад Ғаффоров («Регар-ТадАЗ»), Шаҳобиддин Маҳмудзода («Динамо»);

Ҳимоятгарон: Фахриддин Аҳтамов, Меҳрубони Абдурауф, Содиқҷон Қурбонов, Раҳматшо Раҳматзода, Шаҳриёри Иноятулло, Рӯзимуҳаммад Абдураҳмонов (ҳама аз «Динамо»), Асадбек Зиёзода («Истаравшан»);

Нимҳимоятгарон: Амадонӣ Камолов («Райо Маҳадаонда», Испания), Азизбек Далиев, Бежан Нишонбойзода, Меҳроб Асоев, Фатҳулло Олимзода (ҳама аз «Динамо»), Азизбек Ҳаитов, Иброҳим Зокиров (ҳарду аз «Регар-ТадАЗ»), Абдулло Шарипов (КМВА), Амирҷони Фаррухзод («Равшан»-и Кӯлоб);

Ҳамлагарон: Далер Шарифов («Металлург», Ӯзбекистон), Муҳаммадалӣ Азизбоев («Хуҷанд»), Сунатулло Азизов («Динамо»), Салам Ашурмамадов (бе бошгоҳ).

Сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев.

 

Бозиҳои дӯстона
14 июл (панҷшанбе)

Арабистони Саудӣ – ТОҶИКИСТОН

Абҳа, Арабистони Саудӣ

 

16 июл (шанбе)

Арабистони Саудӣ – ТОҶИКИСТОН

Абҳа, Арабистони Саудӣ

Акс: ФФТ

Июль 12, 2022 08:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад