Директори Агентии хоҷагии ҷангал Абдуҷаббор Юсуфзода: Татбиқи Барномаи рушди соҳаи ҷангал дар Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим муфид аст
ДУШАНБЕ, 27.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. Соли равон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022-2026» ва нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии барномаи мазкур тасдиқ гардид. Нақшаи чорабиниҳо аз 15 бобу 52 банд иборат буда, самтҳои асосии рушди соҳаи ҷангалро дар панҷ соли оянда дар бар мегирад. Дар ин бора Директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Юсуфзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Бо амалӣ гардидани барномаи мазкур бисёр мушкилоти соҳа ҳалли худро ёфта, ҷангал дар пешрафти мамлакат, таъмини бехатарии озуқаворӣ, кам кардани таъсири гармшавии саросарӣ, захира ва кам кардани газҳои гулхонаӣ, сарсабзу хуррамгардонӣ ва ободонии кишвар, инчунин дарёфти ҷойҳои нави кор мусоидат мекунад.
Тавре АМИТ «Ховар» қаблан иттилоъ дода буд, мақсади асосии «Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022-2026» нигоҳдории гуногунии биологӣ, барқароркунӣ, зиёд намудани масоҳату маҳсулоти ҷангал, беҳтар намудани сифат ва миқдори хизматрасониҳои экосистемавии пешниҳодшаванда дар шароити тағйирёбии иқлим, мусоидат ба рушди иқтисодиёт, баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволии сокинон бо роҳи ҷалби онҳо ба пешбурди хоҷагии ҷангал, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ҷангал ва содироти он ба хориҷи кишвар мебошад.


Тазаккур дода шуд, ки яке аз мақсадҳои дигари барномаи мазкур ин зиёд намудани масоҳат, нигоҳдории гуногунии биологӣ, нигоҳдорӣ ва барқароркунии ҷангалҳо дар шароити тағйирёбии иқлим мебошад.
«Ҷангалзор барои ҳифзи муҳити зист ва аз чангу ғубор эмин нигоҳ доштани табиат саҳми калон дорад. Аз ин хотир агентӣ ба парвариши намудҳои гуногуни дарахту буттаҳои маҳаллӣ, ки ба шароити ҷумҳурӣ хос буда, дар раванди тағйирёбии иқлим хеле муҳим мебошанд, диққати ҷиддӣ медиҳад. Бо ин мақсад ҳоло дар хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ ва ниҳолхонаҳои хурди назди хоҷагиҳои ҷангал кӯчату парвариши ниҳолҳои дарахтони сояафкан, ороишӣ, ҳамешасабз ва мевадиҳанда ба роҳ монда шудааст»,- гуфт Директори агентӣ.
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки барои рушду равнақи соҳа аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи Истиқлолияти давлатӣ дар мамлакат ду маротиба Кодекси ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон- яке соли 1993 ва дигаре соли 2011 таҳия ва қабул гардида буд. Дар асоси он якчанд санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, ки танзими соҳаи ҷангалро дар бар мегиранд, қабул карда шуданд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Президенти Тоҷикистон: «Дар 25 соли охир ба рушди иқтисоди мамлакат 760 миллиард сомонӣ сармоя равона гардидааст»
Дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе сохтмони як гузаргоҳ ва як пули мошингард оғоз меёбад
Султон Раҳимзода: «Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ ворид мешавад»
Дар Душанбе ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Соҳибкори сол – 2026» бо ҷоизаҳо қадрдонӣ карда шуданд
Густариши фаъолияти Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи соҳибкорзанони фаъол ба 110 ҳазор нафар расид
«Саноатсодиротбонк» дар номинатсияи «Беҳтарин соҳибкор дар соҳаи бонкдорӣ» ғолиб гардид
Маҷмуи маҳсулоти дохилии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар нуҳ моҳ ба 1,5 миллиард сомонӣ расонида шуд
Дар шаҳри Бангкок густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Форуми ҷаҳонии озуқаворӣ имконоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
MADE IN TAJIKISTAN. Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ муаррифӣ гардид
14 ОКТЯБР–РӮЗИ СОҲИБКОРОН. Соҳибкорон неруи бузургу пешбарандаи иқтисодиёти Тоҷикистон мебошанд






