Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон соҳиби сертификати мутобиқат ба стандарти Федератсияи умумиҷаҳонии таҳсилоти тиббӣ аст
ДУШАНБЕ, 13.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳи тиббӣ ба номи Абуалӣ ибни Сино Маҳмадшоҳ Гулзода ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки Донишгоҳ мазкур аввалин шуда ба пуррагӣ ҳамаи барномаи таълимиро аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронида, соҳиби сертификати мутобиқат ба стандарти Федератсияи умумиҷаҳонии таҳсилоти тиббӣ гардидаст.
Номбурда илова кард, ки доштани сертификати мазкур далели таъмини таҳсилоти босифат буда, барои донишгоҳ имкониятҳои нав ва эътирофи байналмилалӣ доштани онро тасдиқ менамояд.
Ҳамчунин дар ҷараёни нишаст зикр шуд, ки дар соли равон 1874 нафар донишҷӯён, аз ҷумла, аз факултети тиббӣ 1164 нафар, педиатрӣ 96 нафар, стоматологӣ 166 нафар, фармасевтӣ 63 нафар ва аз тиббӣ-профилактикӣ 29 нафар имтиҳонҳои хатмро бо муваффақият супориданд. Аз теъдоди умумии хатмкунандагон 253 нафар тибқи квотаи Президентӣ таҳсил намуда, 356 нафарашонро донишҷӯёни хориҷӣ ташкил медиҳад.
Ба гуфти Маҳмадшоҳ Гулзода, 44, 7 фоизи донишҷўёнро дар донишгоҳ духтарон аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат ташкил медиҳанд. Аз шумораи тариқи квотаи Президенти таҳсил мекарда 50 фоизашон низ духтарон мебошанд.
«Сол то сол шумораи географияи муҳасилини хориҷии хоҳишманди дар донишгоҳ таҳсилкунанда низ афзоиш ёфта, дар соли таҳсили 2021-2022 1977 нафар муҳасилини хориҷӣ аз 20 давлати дунё, аз ҷумла, дар зинаи таҳсилоти тодипломӣ 1936 нафар донишҷӯёни хориҷӣ ва 41 нафар дар зинаи таҳсилоти баъдидипломию курсҳои омодагии қаблӣ ба таҳсил фаро гирифтиа шудаанд»,- иброз намуд ректори Донишгоҳи тибби Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино Маҳмадшоҳ Гулзода .
Бояд гуфт, ки Донишгоҳи мазкур бо 61 муассисаҳои таълимию илмӣ ва ташкилиҳои хориҷӣ шартномаи ҳамкорӣ бастааст. Дар нимсолаи аввал 2 созишномаи дуҷониба тамдид ва 6 созишномаи дуҷониба бо муассисаҳои таълимию илми Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Қазоқистон ва Корея ба имзо расидааст.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид
Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд






