«GRAND SLAM HUNGARY 2022». Паҳлавонони тоҷик ба Будапешт мераванд

Июль 5, 2022 16:34

ДУШАНБЕ, 05.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавонони тоҷик Муҳаммад Маҳмадизода (-60кг), Шаҳбоз Саидаброров (-66кг), Беҳрӯз Хоҷазода (-73кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-90кг) ва Комроншоҳ Устопириён (-90кг) дар Мусобиқаи байналмилалии «Grand Slam Hungary 2022», ки аз 8 то 10 июл дар шаҳри Будапешти Маҷористон баргузор мегардад, иштирок менамоянд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мусобиқаи мазкур иштироки 463 варзишгар, аз ҷумла 265 нафар мардон ва 198 нафар занон аз 66 давлат дар назар аст.

Ин дуюм мусобиқаи интихобӣ ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 маҳсуб меёбад. Радабандии олимпии дзюдо, аллакай пас аз натиҷагирии Гранд Слами Улан Батор шакл гирифт, ки се варзишгари мо – Беҳрӯз Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков (-73кг) ва Амирҷони Насимҷон (-90кг) ба он ворид шуданд.

Тибқи низомномаи мусобиқа, дар рӯзи аввал, 8 июл Муҳаммад ва Шаҳбоз қувваозмоӣ менамоянд. Дар рӯзи дуюми мусобиқа, 9 июл Беҳрӯз ва дар рӯзи сеюм, 10 июл Ҷаҳонгир ва Комроншоҳ гӯштин мегиранд.

Чун анъана ба ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал, ҷоизапулӣ дода мешавад. Ба ғолиби ҳар вазн 5000 евро, ба барандаи медали нуқра -3000 ва ба барандагони ду медали биринҷӣ 1500 евро пешбинӣ шудааст.

АКС: КМО Тоҷикистон

Июль 5, 2022 16:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд