ИМРӮЗ ДАР ЕКАТЕРИНБУРГИ РУСИЯ НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ИННОПРОМ» ИФТИТОҲ МЕЁБАД. Ҳайати Тоҷикистонро дар он директори Агентии содирот Шавкат Бобозода роҳбарӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 04.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Тоҷикистонро дар Намоишгоҳи байналмилалии саноатии «Иннопром», ки имрӯз, 4 июл дар шаҳри Екатеринбурги Русия ифтитоҳ мешавад, директори Агентии содиротии назди Ҳукумати ҶТ Шавкат Бобозода роҳбарӣ мекунад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Агентии мазкур иттилоъ доданд.
Тавре дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ба ҳайати Тоҷикистон намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва соҳибкорони маъруфи Тоҷикистон шомил мебошанд.
Директори Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон Фарҳод Расулзода дар намоишгоҳ дар вилояти Свердловски Русия ширкат мекунад. Дар ин вилоят калонтарин маҷмааи неругоҳҳои барқи обии Русия ҷойгиранд. Дар вилоят саноати сабук, хӯрокворӣ, кимиё, электротехникӣ ва металл, инчунин истихроҷи нафт, газ ва намаки сангӣ рушд кардааст.
Намоишгоҳи байналмилалии саноатии «Иннопром» бузургтарин майдони саноатӣ барои истеҳсолкунандагон буда, аз соли 2010 инҷониб ҳамасола баргузор мешавад ва дар он ҳазорон мутахассисони соҳаи рушди саноат ва технология, намояндагони ҷомеаи коршиносон ба ҳам меоянд. Мавзуи асосии намоишгоҳ дар соли 2022 «Гузариши саноатӣ: аз мушкилот ба имкониятҳои нав» мебошад.
АКС: АМИТ «Ховар








Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид
Дар Мурғоб стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб гардид
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем






