Имрӯз Суди Олии иқтисодӣ, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд

Июль 25, 2022 08:15

ДУШАНБЕ, 25.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 25 июл Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба  ҷамъбасти фаъолият дар шаш моҳи аввали соли 2022 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.

Нишасти матбуотии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим соати 09:00 дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа (кӯчаи  Шодмонӣ, 58/1) баргузор мешавад.

Суди Олии иқтисодӣ нишасти матбуотиро соати 11:00 дар Суди Олии иқтисодӣ барпо менамояд.

Нишасти матбуотии Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ соати 11:00 дар Агентии мазкур доир мешавад.

Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории  нишастҳои матбуотиро бояд бо АМИТ «Ховар» тавассути телефонҳои 238-52-23, 888-08-34-04 мувофиқа намоянд.

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj  ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки  нишастҳои матбуотӣ мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011  доир карда мешаванд.

Июль 25, 2022 08:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид