Комроншоҳ Устопириён бо сабаби осеб бардоштани пояш дар Мусобиқаи «Zagreb Grand Prix 2022» иштирок карда наметавонад

Июль 15, 2022 08:18

ДУШАНБЕ, 15.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 15 июл дар шаҳри Загреби Хорватия Мусобиқаи «Zagreb Grand Prix 2022» оид ба намуди гўштини дзюдо оғоз  мешавад, ки он то 17 июли соли равон идома меёбад. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқа бояд 8 нафар паҳлавонон муаррифӣ менамуданд, вале варзишгари шинохтаи тоҷик дар вазни то 90 кг Комроншоҳ Устопириён бо сабаби осеб бардоштани пояш дар ин мусобиқа иштирок карда наметавонад, хабар доданд ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» дар Федератсияи дзюдои Тоҷикистон.

Дар мусобиқаи мазкур ширкати 548 варзишгар (315 мард ва 233 зан) аз 71 кишвари ҷаҳон дар назар аст. Муҳаммадсолеҳ Қувватов (-60кг), Муҳаммад Маҳмадизода (-60кг), Шаҳбоз Саидабуроров (-66кг), Алиҷон Сафаралиев (-66кг), Наврӯз Каримзод (-73кг), Шодмон Ризоев (-81кг), ва Ҷаҳонгир Маҷидов (-90кг) ба ҳайати дастаи мунатахаби Тоҷикистон оид ба дзюдо шомил мебошанд.

Мавриди зикр аст, ки варзишгарон имкони касби имтиёзҳои олимпӣ доранд. Барои мақоми аввал — 700, дуюм — 490 ва сеюм — 350 имтиёз дода мешавад. Ҳамчунин  чун анъана, ба ғолибону ҷоизодорони мусобиқа дар баробари медал ҷоизапулӣ низ тақдим мегардад. Дар ҳар вазн ғолибон бо 3000 евро, барандагони медали нуқра бо 2000 евро ва барандагони медали биринҷӣ бо 1000 евро қадрдонӣ  карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки аз 8 то 10 июл Мусобиқаи байналмилалии дзюдо — «Grand Slam Hungary 2022» баргузор гардид, ки дар он варзишгарони тоҷик Беҳрӯз Хоҷазода ва Комроншоҳ Устопириён ба гирифтани ҷои ҳафтум шарафёб гардиданд.

Қобили зикр аст, ки дар дуюмин мусобиқаи интихобии олимпӣ 406 варзишгар (244 мард, 162 зан) аз 61 давлат ширкат карданд. Аз ҷумла, аз ҷумҳурии мо 5 нафар – Муҳаммад Маҳмадизода (-60кг), Шаҳбоз Саидаброров (-66кг), Беҳрӯз Хоҷазода (-73кг), Комроншоҳ Устопириён (-90кг) ва Ҷаҳонгир Маҷидов (-90кг) ба Будапешт сафарбар гардида буданд. Варзишгарони мо натавонистанд сазовори медал шаванд, аммо Беҳрӯз ва Комроншоҳ ҷои ҳафтумро гирифтанд.

Барномаи баргузорӣ:
Рӯзи 1 | 15-уми Июл | Ҷумъа
Оғоз:  13:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 20:00
Занон: -48 кг, -52 кг, -57 кг;
Мардон: -60 кг, -66 кг

Рӯзи 2 | 16-уми Июл | Шанбе
Оғоз:  13:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 20:00
Занон: -63 кг, -70 кг;
Мардон: -73 кг, -81 кг

Рӯзи 3 | 17-уми Июл | Якшанбе
Оғоз:  13:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 20:00
Занон: -78 кг, +78 кг;
Мардон: -90 кг, -100 кг, +100 кг

P.S. Оғози рақобатҳо ба вақти Душанбе аст.

АКС аз Федератсияи дзюдои Тоҷикистон

Июль 15, 2022 08:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд