Кормандони Маркази тадқиқоти стратегӣ масъалаи таъмини амнияти иттилоотиро пайваста мавриди омӯзиш ва тадқиқ қарор медиҳанд
ДУШАНБЕ, 28.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. Таъмини амнияти иттилоотӣ, иҷтимоӣ, миллӣ ва минтақавӣ ҳамчун стратегияи рушди мамлакат ва ташаккули низоми миллии баҳогузории индикативии амнияти иқтисодии ҷумҳурӣ аз ҷумлаи масъалаҳое мебошад, ки соли равон аз ҷониби кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди омӯзиш ва тадқиқ қарор гирифт, иттилоъ дод директори Марказ Хайриддин Усмонзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон.
Ба зикри ӯ, дар доираи баргузории корҳои илмию тадқиқотӣ кормандони Марказ 199 гузориши таҳлилӣ, иттилоотию таҳлилиро ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои давлатӣ пешниҳод намуданд, ки онҳо ба омӯзиши масъалаҳои рӯзмарра ва ҳалли мушкилоти амалии ҷумҳурӣ равона шуда буданд.
«Маркази тадқиқоти стратегӣ дар айни замон бо марказҳои таҳлилии Русия, Қазоқистон, Чин, Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон ва марказҳои стратегии Узбекистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркия, Латвия, Литва ва Полша ҳамкории самарабахш ба роҳ мондааст», — гуфт Хайриддин Усмонзода.
Инчунин Марказ узви Маркази таҳлилии СААД, узви Форуми СҲШ ва яке аз муассисони Академияи САҲА дар шаҳри Бишкек буда, дар доираи ин дар шаш моҳи соли равон Конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро дар мавзӯи «Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ: вазъ ва дурнамои таъсирпазирӣ», семинар дар мавзӯи «Вазъ ва дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии ВМКБ», семинари маҷозӣ дар мавзӯи «Миллати ҳушманд: стратегияу имконият ва идоракунии амнияти кибернетикӣ», ҳамоишҳо доир ба «Раванди ташаккули «буҳрони Афғонистон» ва таъсири эҳтимолии он ба фазои сиёсии минтақаи Осиёи Марказӣ: нигоҳ аз Тоҷикистон», «Ҳукумати «Толибон» ва тағйири геополитикаи Осиёи Марказӣ», «Такмили истеҳсолоти саноатии минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор намуд, ки зимни онҳо масъалаҳои муҳим мавриди таҳлилу баррасии коршиносон қарор гирифтанд.
Дар робита ба Созишномаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ таъкид гардид, ки пас аз гузашти расмиёти давлатӣ ба тасвиб расидани он дар назар аст.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон конфронс доир шуд
Бахшида ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Риояи қонуни танзими ҷашну маросим омили сарфакорӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад
Дар ноҳияи Ёвон намоиши ҷойи нави кор баргузор гардид
Масъалаи рушди низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар Тоҷикистон бо Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид
Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба татбиқи лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон» баргузор шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 47 бинои муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ таъмир гардид
ҶОИЗАИ БА НОМИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ. Барои олимони ҷавон дар соли 2026 озмун эълон гардид
Дар Тоҷикистон барои табобати омоси ҷигар усули нав амалӣ шуд
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон: «Ширкатҳои мобилӣ ҳеҷ гоҳ рамзи тасдиқро талаб намекунанд»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Некӣ кардан ба падару модар афзалтар аз намозу рӯза ва ҳаҷу умра мебошад»






