«МАЪЮБОН ҚИСМИ ҶУДОНАШАВАНДАИ ҶОМЕА МЕБОШАНД». Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи маъюбон ва пиронсолон ҷашн гирифта мешавад
ДУШАНБЕ, 08.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола 8 июл дар ҷумҳурӣ ҳамчун Рӯзи маъюбон ва пиронсолон ҷашн гирифта мешавад. Тибқи иттилои Агенти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 апрели соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи маъюбон 154 ҳазору 459 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора 16 ҳазору 981 нафарашон ба гурӯҳи-I, 76 ҳазору 160 нафарашон ба гурӯҳи-II, 33 ҳазору 379 нафарашон ба гурӯҳи III дохил мешаванд. Теъдоди маъбони то 18-сола 31 ҳазору 939 нафарро ташкил медиҳад. Ин табақаи осебпазири ҷомеа ҳама вақт дар мадди назари давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Бахшида ба Рӯзи маъюбон ва пиронсолон дар мамлакат барномаҳои фарҳангию фароғатӣ доир мешаванд. Аз ҷумла, имрӯз ба ин муносибат бо ташаббуси шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Китобхонаи миллии Тоҷикистон, дастгириву кӯмаки шахсони саховатпеша ва ҷавонони баору номуси ватан маҳфили идона ва базму суруд баргузор гардид.
Дар маҳфил директори Китобхонаи миллӣ Ҷуъмахон Файзализода, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода, раиси ташкилоти ҷамъиятии «Имконият» дар шаҳри Душанбе Фирӯз Ҳамроев, раиси Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон Асадулло Зикрихудоев ва шахсони имконияташон маҳдуд иштирок доштанд.
Сардори шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Китобхонаи миллии Тоҷикистон Мавзуна Орумбекова ба АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки маъюбон қисми ҷудонашавндаи ҷомеа ба ҳисоб мераванд. «Инсоне маъюб ба ҳисоб меравад, ки қалби ӯ ҷароҳат дорад, на ҷисми ӯ. Муассисаи мо ва махсусан шуъбаи мазкур барои дастгирии маъюбон тамоми талоши худро ба роҳ мондааст, ки ин қишри ҷомеа худро танҳо ҳис накунанд», — илова кард Мавзуна Орумбекова.
Мавсуф зикр кард, ки «Дар Тоҷикистон барои шахсони маъюб дар тамоми соҳаҳо имконияти баробари кору зиндагӣ фароҳам оварда шудаанд. Ба маъюбон дар муассисаҳои давлатии тиббию иҷтимоӣ ба таври ройгон ё имтиёзнок бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрии тиббӣ расонида мешавад. Кӯдакони маъюб дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳангоми зарурат бо воситаҳои махсуси техникӣ таъмин мешаванд. Инчунин дар муассисаҳои махсуси таълимӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯдакони имконияташон маҳдуд бо таҳсилоти умумӣ фаро гирифта мешаванд».
Ба гуфтаи Мавзуна Орумбекова, шуъбаи хизматрасонӣ ба маъюбони Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз нахустин рӯзи ифтитоҳ дари худро ба рӯйи маъюбон дар ошёнаи аввали бинои боҳашамати Китобхона боз кард ва аввалин хонандагонаш низ ҳамон рӯз вориди толори хониш шуданд. Аз оғоз хонандагони мо гумон мекарданд, ки дар ин шуъба ба ғайр аз чанд даста китоби брайлӣ матлаби дигаре наметавонанд пайдо намоянд, вале бо гузашти хеле кутоҳ шуъба ба яке аз фаъолтарин шуъбаҳои ин боргоҳи маърифат табдил ёфт. Акнун ин ҷо на фақат китобхонӣ меоянд, балки меоянд то гирди як миз биншинанд ва маҳфилеро барпо созанд».
«Вазифаи асосии фаъолияти шуъба омӯзишу таҳлили хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд, ҷалби онҳо ба китобу китобхона, бунёди фонди электронӣ: китобҳои гӯё, мултимедӣ, такмили фонди шуъба бо адабиёти тозанашри махсус, бақайдгирии ройгони хонандагон, таҳлили дархости хонандагон, гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, ҳамкорӣ бо ташкилоту ҷамъиятҳо ва ғайра мебошад. Дар шуъбаи мазкур маҳфилҳои ҳамешагие бо номҳои “Равшандилон”, “Хандарез”, “Ганҷи сухан” амал мекунанд, ки фаъолтарин ширкаткунандагонаш хонандагон аз ҷумлаи афроди имконияташон маҳдуд аст», -гуфт ҳамсуҳбати мо.
Ҳамчунин дар ҳамоиш ба як қатор шахсони маъюб «Ифтихорнома»-и Китобхонаи миллӣ тақдим гардид. Инчунин аз ҷониби ҳавскорон ва маъюбони соҳибистеъдод маҳфили фарҳангӣ- фароғатӣ доир шуд.



Мавриди зикр аст, ки аз замони ба даст овардани истиқлолият то имрӯз тамоми талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини кафолатҳои иҷтимоии мардум, хусусан маъюбон равона гардида, дар ҷумҳурӣ заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон пурра таҳия ва мавриди амал қарор дода шудааст.
Бо супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санадҳои дахлдори меъёриии ҳуқуқӣ марбут ба тамоми ҷанбаҳои ҳаёти маъюбон, аз ҷумла, таъминоти иҷтимоӣ, мусоидат ба шуғли маъюбон ва таъмини муҳити дастрас бароои онҳо таҳия ва қабул гардидаанд. Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон», «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020» ва даҳҳо санадҳои дигар, ки барои маъюбон имконияти ҳифзи ҳуқуқои онҳоро тавон дошта бошад ва шароити зисту зиндагии онҳоро баланд бардорад, ба миён омадаанд.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2026 шаш санади меъёрии ҳуқуқӣ мавриди омӯзишу таҳлил қарор гирифт
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳолати риоя накардани талаботи қонуни танзими ҷашну маросим 74 адад зиёд шудааст
Бо ташаббуси ҲХДТ беш аз сад нафар кӯдак ба лагерҳои истироҳатию фароғатӣ сафарбар шуданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ низоми нави андозбандии электронӣ баррасӣ шуд
Имсол теъдоди муассисаҳои фарматсевтӣ ва дорухонаҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 61 адад зиёд гардидааст
Дар ноҳияи Фирдавсӣ 3244 нафар ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қабул гардиданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар соҳаи тандурустӣ навовариҳо амалӣ гардиданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаш моҳи соли равон шумораи хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби занон афзоиш ёфтааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ беш аз 31 ҳазор иншоот ба истифода дода шуд
Беш аз 2970 нафар дар асоси иҷрои Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи авф» ба озодӣ баромаданд
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо Раиси Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Давлати Қатар вохӯрӣ намуд






