«МАЪЮБОН ҚИСМИ ҶУДОНАШАВАНДАИ ҶОМЕА МЕБОШАНД». Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи маъюбон ва пиронсолон ҷашн гирифта мешавад

Июль 8, 2022 13:05

ДУШАНБЕ, 08.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола 8 июл дар ҷумҳурӣ ҳамчун Рӯзи маъюбон ва пиронсолон ҷашн гирифта мешавад. Тибқи иттилои Агенти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то  1 апрели соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи маъюбон 154 ҳазору 459 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора 16 ҳазору 981 нафарашон ба гурӯҳи-I, 76 ҳазору 160 нафарашон ба гурӯҳи-II, 33 ҳазору 379 нафарашон ба гурӯҳи III дохил мешаванд. Теъдоди маъбони то 18-сола 31 ҳазору 939 нафарро ташкил медиҳад. Ин табақаи осебпазири ҷомеа ҳама вақт дар мадди назари давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. 

Бахшида ба Рӯзи маъюбон ва пиронсолон дар мамлакат  барномаҳои фарҳангию фароғатӣ  доир мешаванд. Аз ҷумла, имрӯз ба ин муносибат бо ташаббуси шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Китобхонаи миллии Тоҷикистон, дастгириву кӯмаки шахсони саховатпеша ва ҷавонони баору номуси ватан маҳфили идона ва базму суруд баргузор гардид.

Дар маҳфил директори Китобхонаи миллӣ Ҷуъмахон Файзализода, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода, раиси ташкилоти ҷамъиятии «Имконият» дар шаҳри Душанбе Фирӯз Ҳамроев, раиси Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон Асадулло Зикрихудоев ва шахсони имконияташон маҳдуд иштирок доштанд.

Сардори шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Китобхонаи миллии Тоҷикистон Мавзуна Орумбекова ба АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки маъюбон қисми ҷудонашавндаи ҷомеа ба ҳисоб мераванд. «Инсоне маъюб ба ҳисоб меравад, ки қалби ӯ ҷароҳат дорад, на ҷисми ӯ. Муассисаи мо ва махсусан шуъбаи мазкур барои дастгирии маъюбон тамоми талоши худро ба роҳ мондааст, ки ин қишри ҷомеа  худро танҳо ҳис накунанд», — илова кард Мавзуна Орумбекова.

Мавсуф зикр кард, ки «Дар Тоҷикистон барои шахсони маъюб дар тамоми соҳаҳо имконияти баробари кору зиндагӣ фароҳам оварда шудаанд. Ба маъюбон дар муассисаҳои давлатии тиббию иҷтимоӣ ба таври ройгон ё имтиёзнок бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрии тиббӣ расонида мешавад. Кӯдакони маъюб дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳангоми зарурат бо воситаҳои махсуси техникӣ таъмин мешаванд. Инчунин дар муассисаҳои махсуси таълимӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯдакони имконияташон маҳдуд бо таҳсилоти умумӣ фаро гирифта мешаванд».

Ба гуфтаи Мавзуна Орумбекова, шуъбаи хизматрасонӣ ба маъюбони  Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз нахустин рӯзи ифтитоҳ дари худро ба рӯйи маъюбон дар ошёнаи аввали бинои боҳашамати Китобхона боз кард ва аввалин хонандагонаш низ ҳамон рӯз вориди толори хониш шуданд. Аз оғоз хонандагони мо гумон мекарданд, ки дар ин шуъба ба ғайр аз чанд даста китоби брайлӣ матлаби дигаре наметавонанд пайдо намоянд, вале бо гузашти хеле кутоҳ шуъба ба яке аз фаъолтарин шуъбаҳои ин боргоҳи маърифат табдил ёфт. Акнун ин ҷо на фақат китобхонӣ меоянд, балки меоянд то гирди як миз биншинанд ва маҳфилеро барпо созанд».

«Вазифаи асосии фаъолияти шуъба омӯзишу таҳлили хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд, ҷалби онҳо ба китобу китобхона, бунёди фонди электронӣ: китобҳои гӯё, мултимедӣ, такмили фонди шуъба бо адабиёти тозанашри махсус, бақайдгирии ройгони хонандагон, таҳлили дархости хонандагон, гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, ҳамкорӣ бо ташкилоту ҷамъиятҳо ва ғайра мебошад. Дар шуъбаи мазкур маҳфилҳои ҳамешагие бо номҳои “Равшандилон”, “Хандарез”, “Ганҷи сухан” амал мекунанд, ки фаъолтарин ширкаткунандагонаш хонандагон аз ҷумлаи афроди имконияташон маҳдуд аст», -гуфт ҳамсуҳбати мо.

Ҳамчунин дар ҳамоиш ба як қатор шахсони маъюб «Ифтихорнома»-и Китобхонаи миллӣ тақдим гардид. Инчунин аз ҷониби ҳавскорон ва маъюбони соҳибистеъдод маҳфили фарҳангӣ- фароғатӣ доир шуд.


Мавриди зикр аст, ки аз замони ба даст овардани истиқлолият то имрӯз тамоми талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини кафолатҳои иҷтимоии мардум, хусусан маъюбон равона гардида, дар ҷумҳурӣ заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон пурра таҳия ва мавриди амал қарор дода шудааст.

Бо супориши  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санадҳои дахлдори меъёриии ҳуқуқӣ марбут ба тамоми ҷанбаҳои  ҳаёти маъюбон, аз ҷумла, таъминоти иҷтимоӣ, мусоидат ба шуғли маъюбон ва таъмини муҳити дастрас бароои онҳо таҳия ва қабул гардидаанд. Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон», «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020» ва даҳҳо санадҳои дигар, ки барои маъюбон имконияти ҳифзи ҳуқуқои онҳоро тавон дошта бошад ва шароити зисту зиндагии онҳоро баланд бардорад, ба миён омадаанд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Июль 8, 2022 13:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Дӯстии ҷавонон» баргузор мегардад
Доир ба татбиқи грантҳои Хазинаи пандемикӣ дар Тоҷикистон ҷаласа баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи пойтахт дар шаҳри Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Женева оид ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон гузориш пешниҳод намуд
Роҳҳои муассири мубориза бо чангу ғубор кадомҳоянд?
Оид ба саҳми тоҷикон дар ташаккули тамаддуни Осиёи Марказӣ конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
Кумита бар зидди шиканҷаи СММ ба гузориши миллии Тоҷикистон оид ба иҷрои Конвенсия бар зидди шиканҷа баҳои баланд дод
Чангу ғубор сабаби авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо намояндагони Кумитаи СММ бар зидди шиканҷа вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе намоиш — фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ то 31 май идома меёбад
Дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Вазири адлияи Тоҷикистон бо Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон мулоқот намуд