Намояндаи Тоҷикистон дар Симпозиуми байналмиллии «Экосистемаҳои даштии олам ва ҳифзи суботи онҳо» дар ИМА иштирок мекунад

Июль 23, 2022 11:16

ДУШАНБЕ, 23.07.2022 /АМИТ  «Ховар»/. Академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Ҳикмат Ҳисориев дар Симпозиуми байналмилалии «Экосистемаҳои даштии олам ва ҳифзи суботи онҳо», ки дар шаҳри Денвери иёлати Колорадои ИМА доир мешавад, иштирок менамояд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.

Симпозиум аз 23 то 31 июл бо иштироки зиёда аз 30 нафар олимони варзидаи мамлакатҳои гуногун аз Осиё, Африқо ва Амрико баргузор мегардад.

Ҳикмат Хисориев дар мавзӯи «Экосистемаҳои Тоҷикистон: ҳифз ва истифодаи устувори онҳо дар арсаи гармшавии глобалии иқлим ва омили антропогенӣ» маърузаи илмӣ менамояд.

Масъалаи тағйирёбии иқлим ва гармшавии ҳаво имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 7 июни соли 2022 зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018 – 2028» дар шаҳри Душанбе чунин изҳор доштанд:

«Мо дар 5 соли охир шоҳиди гармшавии глобалии бесобиқаи ҳаво гардидем, ки сабаби хушксолӣ ва дигар офатҳои табиӣ гардида, ба амнияти озуқаворӣ ва дигар соҳаҳои иқтисоди кишварҳоямон таъсири манфӣ расонид.

Дар гузориши ба наздикӣ нашршудаи Панели байниҳукуматӣ оид ба тағйирёбии иқлим низ нақши захираҳои об дар мутобиқшавӣ ба тағйироти иқлим ва ноил шудан ба устуворӣ дар ин раванд зикр гардидааст. Дар он таъкид гардидааст, ки обшавии захираҳои барфу пиряхҳо ва яхбандии абадӣ метавонад таъсири пай дар пай дошта бошад ва суръати гармшавии глобалиро боз ҳам тезонад.

Ин мушкилот дар роҳи расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла Тоҷикистон, ки кишвари кӯҳистон ва дорои захираҳои бузурги обӣ, махсусан, пиряхҳо мебошад, монеаи ҷиддӣ эҷод менамояд.

Барои мисол, дар натиҷаи ин раванд мо шоҳиди афзоиши бесобиқаи селу обхезӣ, хушксолӣ ва дигар ҳодисаҳои табиии марбут ба об шуда истодаем. Мутаассифона, кишвари мо дар натиҷаи чунин офатҳои табиӣ ҳамасола садҳо миллион доллари амрикоӣ зарар мебинад. Офатҳои табиии марбут ба об дар аксари мавридҳо боиси марги одамон ва хисороти зиёди инфрасохтори ҳаётан муҳим мегарданд.

Намунаи дигари раванди зикршуда обшавии босуръати пиряхҳо мебошад. Дар якчанд даҳсолаи охир беш аз як ҳазор пиряхи Тоҷикистон аз байн рафтааст. Пиряхи калонтарини дунё дар хушкӣ – Федченко, ки дар кишвари мо ҷойгир аст, аз лиҳози ҳаҷм 16 километри мукааб ва аз лиҳози масоҳат 45 километри мураббаъ кам гардидааст.

Дар ин робита, Ҳукумати Тоҷикистон Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳоро барои давраи то соли 2030 қабул намудааст. Бо мақсади пайгирии ин равандҳо ва андешидани тадбирҳо барои мутобиқшавӣ ба онҳо, мо дар назди Академияи миллии илмҳо Маркази омӯзиши пиряхҳо таъсис додем».

Ёдовар мешавем, ки дар рӯзномаи Симпозиум масъалаҳои суботи экосистемаҳо, аз ҷумла ҷамоаҳои даштии олам, ҷабҳаҳои гуногуни таъсири тағйирёбии глобалии иқлим ва омили антропогенӣ ба олами наботот, дарёфти роҳҳои нигоҳдорӣ, истифодаи оқилона ва танзими суботи экосистемаҳо баррасӣ мешаванд.

  АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Июль 23, 2022 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони ноҳияи Ҷаббор Расулов дар майдони зиёда аз 5 ҳазор гектар кишти чигит мегузаронанд
Вазири кишоварзии Тоҷикистон вобаста ба тақвияти корҳои саҳроӣ бо деҳқонони шаҳри Конибодом суҳбат намуд
Дар шаҳри Хоруғ корхонаи истеҳсоли ҳасиб бунёд мегардад
Дар Суғд барои дарёфти грантҳои раиси вилоят озмун баргузор мешавад
Дар Эстония Хонаи савдои Тоҷикистон таъсис дода мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар «Аirspace world 2024» дар Женева иштирок намуданд
Роҳбари хоҷагии деҳқонии «Бобои Носир»: «Истифодаи оқилонаи 7,5 гектар замин ва даромад аз он дар баланд гардидани сатҳи зиндагии 5 оила мусоидат намуд»
Деҳқонони ноҳияи Мастчоҳ имсол дар майдони зиёда аз 23 ҳазор гектар кишту парвариши зироати кишоварзиро ба нақша гирифтаанд
Дар шаҳри Хуҷанд Намоишгоҳи X байналмилалии савдо «Суғд-2024» доир мегардад
«РОҲ БА СӮИ ТИЁНШОН». Душанбе охири моҳи май мизбони конфронси байналмилалӣ мегардад
Соли 2023 ба буҷети шаҳри Гулистон аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳӣ ва табобатӣ зиёда аз 40 миллион сомонӣ ворид шуд
Ҳоҷагидорони Кооперативи истеҳсолии «Сомон-Бохтар»-и ноҳияи Кӯшониён майдони парвариши лимӯро васеъ менамоянд