Нархи чипта барои аввалин қатора аз Тоҷикистон ба Русия эълон гардид
ДУШАНБЕ, 20.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Нархи чиптаи қатора аз Душанбе ба Волгоград тақрибан 1,4-1,5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар ин бора муовини сардори Хадамоти бехатарии қатораҳои вилояти Хатлон Зоиршо Файзуллоев зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии «Sputnik».
«Агар чипта як моҳ пештар харида шавад, 200-300 сомонӣ арзонтар мешавад»,-зикр кард ӯ. Ба гуфтаи Файзуллоев, рӯзҳои наздик фурӯши чиптаҳои қатора аз Душанбе ба Волгоград оғоз мегардад.
Қаблан аз маркази матбуоти Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки аз 30 август ҳаракати қатораҳои мусофирбарӣ миёни Тоҷикистон ва Русия роҳандозӣ мешавад. Дар ин рӯз аввалин қатора аз Душанбе ба Волгоград меравад. Мусофирон рӯзҳои сешанбе аз ин самт истифода бурда метавонанд ва бозгашт аз шаҳри Русия ба пойтахти Тоҷикистон рӯзҳои ҷумъа имконпазир мешавад.
Дарозии роҳ тақрибан 2,5 шабонарӯзро дар бар мегирад. Сафар ҳар ҳафта сурат хоҳад гирифт. Ғайр аз ин, қатора дар самти Волгоград ва Хуҷанд ҳаракат мекунад. Он тирамоҳ, 7 сентябр ба роҳ монда мешавад. Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» тавзеҳ дод, ки пас аз танаффуси дусола ҳаракати қатораи мусофирбар ба роҳ монда мешавад. «Ин тасмим дар ҷараёни сафари раиси КВД РОТ ба Русия ва мулоқоти ӯ бо роҳбарияти «Роҳи оҳани Русия» гирифта шудааст», — гуфтанд дар ин ниҳод.
Ёдовар мешавем, ки ҳаракати қатораи мусофирбар миёни Русия ва Тоҷикистон шурӯъ аз 16 марти соли 2020 бинобар хатари паҳншавии коронавирус муваққатан манъ гардида буд.
Акс: «Роҳи оҳани Тоҷикистон»








ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд






