Прокуратураҳои генералии Тоҷикистон ва Русия Барномаи ҳамкорӣ барои то соли 2024-ро имзо карданд

Июль 27, 2022 13:07

ДУШАНБЕ, 27.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон ва Прокурори генералии Русия Игор Краснов дируз, 26 июл дар  Душанбе Ёддошти тафоҳум оид ба самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ барои солҳои 2022-2025 ва Барномаи ҳамкорӣ барои то соли 2024-ро имзо намуданд.  Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар  Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар доданд.

Хотиррасон мешаваем, ки 25-26 июл ҳайати Прокуратураи генералии Федератсияи Русия таҳти роҳбарии Прокурори генералӣ Игор Краснов бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дошт.

Зимни мулоқоти дуҷониба миёни Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон ва Прокурори генералии Федератсияи Русия Игор Краснов робитаҳои зич ва муҳими ҳамкории мақомоти  прокуратураҳо махсус  таъкид карда шуданд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот паҳлуҳои  мухталифи  ҳамкориро  дар самти пешгирии ҷиноятҳои  муташаккили  фаромиллӣ, таъмини амният  дар самти миллӣ,  минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, киберҷинояткорӣ, аз байн бурдани хатарҳои мавҷудаи дохилӣ, ки ба ҷобаҷогузории    идеологияҳои  гуногуни динӣ — радикалӣ дар ҷомеа  алоқаманданд,  баррасӣ намуданд.


Вобаста ба вазъи  мураккаб дар Афғонистон  масъалаи мубориза  бо терроризму экстремизм  ва пешгирии муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир низ муҳокима гардид.

Зимни мулоқот ҳамчунин ҳамкории мақомоти прокуратураҳои ҳарду кишвар дар самти тафтиши муштараки  парвандаҳои ҷиноятӣ, андешидани тадбирҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ,  масъалаҳои  истирдод ва дигар масъалаҳои  муҳими соҳа  мавриди баррасӣ  қарор дода шуданд.

АКС: Прокуратураи генералии ҶТ/АМИТ «Ховар»

Июль 27, 2022 13:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкории амниятиро барои муқовимат ба таҳдидҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад