Прокурори генералии Тоҷикистон аз тамоюли афзоиши терроризм ва экстремизм хабар дод

Июль 16, 2022 13:35

ДУШАНБЕ, 16.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон тайи шаш моҳи охир теъдоди террористон ва экстремистон афзоиш ёфтааст. Дар ин бора Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Номбурда таъкид кард, ки экстремизм ва терроризм хатарҳои асосии ҷаҳони муосир буда, мубориза бо онҳо вазифаи муҳимтарини сохторҳои қудратӣ мебошад.

«Дар нимсолаи аввали соли  равон 720 чунин ҷиноят ошкор ва ба қайд гирифта шуданд», — изҳор дошт Юсуф Раҳмон. Ба гуфтаи ӯ, ин нишондод нисбат ба нимсолаи аввали соли  гузашта 106 адад зиёд аст.

Дар Тоҷикистон аз моҳи январ то июни соли 2022 мақомоти интизомӣ 2487 парвандаи ҷиноятӣ боз карда, беш аз 20 ҳазор нафарро ба ҷавобгарии маъмурӣ кашиданд.

Бояд гуфт, ки аз рӯи маълумоти оморӣ дар тӯли 5 мохи соли равон дар ҷумҳурӣ содир намудани ҷиноят коҳиш ёфтааст. Аз моҳи январ то май дар кишвар беш аз 10 ҳазор ҷиноят ба қайд гирифта шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли  гузашта  11% камтар аст.

Қаблан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз афзоиши  хулқу хӯи ифротгароёна ва террористӣ дар миёни ҷавонон изҳори нигаронӣ карда буданд. Аз ҷумла, моҳи феврали соли 2015 Сарвари давлат изҳор дошта буданд, ки аз афзоиши экстремизм дар кишвари мо, бахусус дар миёни ҷавонон нигарон ҳастанд.

«Мехоҳам аз афзоиши экстремизм дар кишварамон ва чораҳои нокифояи муассири мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои мубориза бо ин падидаи хатарнок изҳори нигаронӣ намоям», — гуфта буданд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Тоҷикистон 17 феврал.

«Терроризм ва экстремизми динӣ ба хатари ҷаҳонӣ табдил ёфтаанд. Мо миқёси амалҳои [террористҳо] ва оқибатҳои даҳшатноки онро ҳамарӯза тавассути телевизион ва дигар расонаҳо мебинем», — иқтибос оварда буд АМИТ «Ховар» аз суханони Президенти Тоҷикистон.

Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки барои мубориза бо мушкилоти экстремизм мақомоти қудратӣ «бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва руҳониён ҳамкории зичтар ва муассиртар ба роҳ монда, аз шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои мухталифи террористиву экстремистӣ пешгирӣ намоянд».

Сарвари давлат 21 майи соли 2021 дар вохӯрӣ бо намояндагони ҷавонони кишвар бори дигар таъкид карданд, ки бо вуҷуди коҳиши шумори ҷиноятҳо даҳҳо далели содир намудани ҷиноят аз ҷониби ҷавонону ноболиғон боиси нигаронӣ боқӣ мемонанд.

«Барои касе пӯшида нест, ки имрӯз дастовардҳои муосири технологӣ дар баробари осон намудани фаъолият дар соҳаҳои гуногуни ҳаёт шароитро барои роҳандозӣ намудани шаклу шеваҳои гуногуни расонидани зиён ба худи инсоният фароҳам сохтаанд, — тазаккур доданд Президенти мамлакат. — Хусусан, барои раҳгум сохтани наврасону ҷавонон ва ба сафи гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ҷалб кардани ин қишри осебпазир аз шабакаи интернет ба таври васеъ истифода бурда мешавад».

Дар робита ба ин, Сарвари давлат зикр намуданд, ки солҳои охир 70 фоизи шахсони ба сафи ҷангиёни кишварҳои дигар, аз ҷумла Сурияву Ироқ шомилшуда аз байни муҳоҷирони меҳнатӣ тавассути шабакаҳои интернетӣ ҷалб ва истихдом гардидаанд.

 

АЗ ИДОРА: Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-и назди Ҳукумати ҶТ аз адибон, шоирон, рӯзноманигорон, ҳуқуқшиносон, сиёсатмадорон, вакилон, намояндагони касбу кори гуногун, ҷомеа ва рӯҳониён даъват менамояд, ки ба иқдоми бемуҳлати «МО – ЗИДДИ ТААССУБ ВА ИФРОТГАРОӢ», ки 3 декабри соли 2018 аз ҷониби Агентӣ эълон гардидааст, фаъолона ҳамроҳ шаванд.

Дар доираи ин иқдом шумо метавонед ёддоштҳо, мақолаҳо, аксҳо, ҳуҷҷатҳо, муроҷиату пешниҳодҳои худро ба мо ирсол намоед ва бо ин васила барои решакан кардани хурофот, радикализм ва экстремизм, ки сарчашмаи идеологии терроризм маҳсуб меёбанд, саҳмгузор бошед.

Июль 16, 2022 13:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории милитсия ва соҳаи маорифи шаҳри Душанбе дар самти пешгирии ҷинояткории наврасону ҷавонон тақвият меёбад
ТАРМАФАРОӢ. Дар Тоҷикистон фаромадани тарма аз нимаи моҳи декабр то моҳи апрел дар назар аст
Соли 2026 дар Тоҷикистон ҷаласаи Шурои вазирони корҳои дохилии давлатҳои ИДМ баргузор мегардад
Дар вохӯрӣ бо аҳли ҷамоати шаҳри Ҳисор масъалаи пешгирии ноболиғон аз ҷинояткорӣ баррасӣ карда шуд
Мубориза бар зидди терроризму экстремизм дар меҳвари Паёми Президенти Тоҷикистон қарор дорад
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон оид ба масоили марбут ба амнияти давлат ҷаласа доир шуд
Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти миллӣ вобаста ба гардиши ғайриқонунии маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ баррасӣ шуд
Дар Душанбе ҷаласаи Платформаи миллӣ оид ба паст намудани хавфи офатҳои табиӣ баргузор гардид
Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Русия дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Ҷаласаи корӣ бо иштироки роҳбарони мақомоти марказии иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид
ПЕШГИРИИ СӮХТОР. Қоидаҳо бар зидди сӯхторро қатъиян бояд риоя намуд