Раиси ноҳияи Ашт бо мақсади шинос шудан бо шароити хизматию маишӣ аз қисми низомӣ боздид намуд

Июль 26, 2022 08:42

СУҒД, 26.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода ҳамроҳ бо роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо мақсади шинос шудан бо шароити хизматию маишӣ аз қисми низомии воқеъ дар ҳудуди ноҳия боздиди корӣ анҷом дод. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Ашт иттилоъ доданд.

Шӯҳрат Муҳаммадзода бо сарбозону ҳомиёни Ватан суҳбати озоду самимӣ анҷом дода, иброз дошт, ки «суботи миллӣ, истиқлолияти давлатӣ, оромиву ободӣ тавассути хизматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд ва имрӯз ҳар яки мо муваззафем онро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем. Имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон туфайли мардони шуҷои Ватан дар фазои ободу озод зиндагӣ доранд, ки маҳаки ин пешравиҳо тинҷиву оромист».

Мояи ифтихор аст, ки имрӯз дар шароити сулҳу субот ва осмони мусаффои мамлакат ҷавонони бо нангу номуси мо бо амри дил ва ҳисси ватандӯстӣ ихтиёран барои ба сафи Артиши миллӣ сафарбар гардидан омодагӣ мегиранд.


Шӯҳрат Муҳаммадзода ба падарону модарони хизматчиёни ҳарбӣ, барои тарбияи неки чунин мардони шуҷои Ватан миннатдорӣ баён намуд.

Бояд гуфт, ки имрӯзҳо бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити хизмати ҳарбӣ дар мамлакат рӯз то рӯз беҳтар гардида истодааст. Ин аст, ки имрӯзҳо ҷавонони бо нангу номуси тоҷик бо амри дил ва ҳисси баланди ватандӯстона ихтиёран барои ба сафи Артиши миллӣ мепайванданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Ашт

Июль 26, 2022 08:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид