Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон маблағи ҷудошуда барои таҷдид, сохтмон ва насби НБО «Роғун»-ро номбар карданд

Июль 13, 2022 11:57

ДУШАНБЕ, 13.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни суханронӣ дар вохӯрӣ бо бунёдгарони Неругоҳи барқи обии «Роғун» Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон тазаккур доданд, ки барои корҳои барқарорсозӣ ва сохтмону васлгарии неругоҳи барқи обии «Роғун» тайи солҳои 2008 – 2021 аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар манбаъҳо беш аз 31 миллиард сомонӣ маблағ равона карда шудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Ба иттилои Сарвари давлат, дар соли 2022 барои идомаи сохтмони неругоҳ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ боз 2,6 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардида, Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ҷалби маблағҳои иловагӣ тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст.

Президенти мамлакат иброз доштанд, ки бо ҷараёни корҳо аз наздик шинос шуданд ва дар иншооти пешазшартномавӣ ва иншооти мансуб ба ЛОТ-ҳои 1,2,3,4 пешравиҳои назаррасро мушоҳида намуданд.

«Корҳо, алалхусус, дар обқабулкунакҳои асосӣ, роҳҳои дастрасӣ ба онҳо, мустаҳкамсозии фарози кӯҳҳо, баромадгоҳи нақби сохтмонии қабати 3 ва 4, нақбҳои обрасон ва ҷабандаву сементатсионӣ, нақбҳои нақлиётӣ, ки роҳи асосиро ба шонаи сарбанд пайваст мекунанд, шахтаи ҳаводиҳанда ва дигар иншоот қобили таваҷҷуҳ мебошанд», — таъкид сохтанд Пешвои миллат.

Тибқи маълумоти пешниҳодгардида, ҳоло дар сохтмон 10 ҳазору 517 нафар коргарон ва кормандони муҳандисиву техникӣ, аз ҷумла 332 нафар мутахассисони хориҷӣ фаъолият доранд, ки 97 фоизи онҳоро коргарону мутахассисони ватанӣ ташкил медиҳанд.

Шумораи мошину механизмҳое, ки дар сохтмон истифода мешаванд, 3219 адад мебошад.

Аз оғози соли ҷорӣ барои пардохти корҳои сохтмону васлгарӣ, лоиҳакашию таҳқиқотӣ, хариди таҷҳизот, молу масолеҳи сохтмон ва дигар хизматрасониҳо, дар маҷмӯъ, 1 миллиарду 200 миллион сомонӣ маблағгузорӣ гардидааст.

Бояд гуфт, ки корҳои сохтмони неругоҳ ба лотҳои алоҳида, аз ҷумла ба ЛОТ-и 1 – таҷҳизоти электромеханикӣ, ЛОТ-и 2 – сарбанди неругоҳ, ЛОТ-и 3 иншооти соҳили рост ва ЛОТ-и 4 – иншооти соҳили чап тақсим шудаанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Июль 13, 2022 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар шаҳри Даҳва ҷалби маблағгузории Қатарӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон баррасӣ шуд
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»