Шермуҳаммад Шоҳиён, Раиси Суди Олӣ: беш аз 400 нафар барои риоя накардани қонуни танзим ҷарима баста шуданд
ДУШАНБЕ, 14.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли равон аз ҷониби судяҳо барои риоя накардани Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 416 парванда баррасӣ гардида, ба 407 нафар ҷазои ҷарима тадбиқ гардидааст. Дар ин бора имрӯз Раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён зимни нишасти матбуотӣ бо иштироки доираи васеи намояндагони ВАО ибрози назар намуд.
Шермуҳаммад Шоҳиён иброз намуд, ки бо мақсади аз байн бурдани камбудию норасоиҳо ва беҳтар намудани фаъолияти мақоми судӣ судяҳо вазифадор гардидаанд, ки ҳангоми баррасии парвандаҳо ба кашолкорӣ роҳ надода, барои дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи қонун баррасӣ ва таҳия намудани санадҳои судӣ, сари вақт омода гардидани протоколҳои маҷлиси судӣ ва ба тарафҳо супоридани қарорҳои судӣ, инчунин назорати иҷрои қарорҳои судӣ тамоми тадбирҳои бетаъхир андешанд.
Судяҳо вазифадор гардидаанд, ки бо мақсади пешгирии содиршавии ҷиноятҳо, алалхусус ҷиноятҳои дорои хусусияти террористию экстремистӣ ва коррупсионӣ, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, инчунин ҷиноятҳои ба муқобили асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат равонагардида корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ тақвият бахшанд ва ҷиҳати ҷамъбасти амалии баррасии парвандаҳои оилавӣ вобаста ба фарзандхонӣ, маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ, парвандаҳои гражданӣ вобаста ба баҳсҳои меҳнатӣ ва парвандаҳои ҷиноятии вобаста ба ҳолатҳои ба худкушӣ расондан ба мақомоти далхдор пешниҳодҳо ирсол намоянд.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад






