Шоҳмотбози тоҷик чемпиони иёлати Монтанаи ИМА шуд

Июль 25, 2022 12:45

ДУШАНБЕ, 25.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Донишҷӯ аз Тоҷикистон Расул Назриев чемпиони иёлати Монтанаи ИМА шуд. Ӯ 20 сол дошта, дар курси дуюми Донишгоҳи Монтана аз рӯйи ихтисоси барномасоз таҳсил мекунад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи www.montanachess.org хабар медиҳад.

Расул Назриев чанде пеш ба шоҳмотбозӣ ҷиддӣ машғул шуд ва дар муддати кӯтоҳ ин бозиро аз худ карда, дар мусобиқаҳо ширкат варзид. Пеш аз чемпион гардиданаш ӯ дар мусобиқаи кушоди шоҳмот дар Лас Вегас ғолиб омад ва бо шоҳмотбозоне, ки дар раддабандӣ холашон беш аз 2100 буд, рӯбарӯ шуд.

Тамоми марҳилаи интихобиро муваффақона паси сар карда, дар қатори 5 довталаби унвони чемпиони Монтана дохил шуд. Дар ин марҳила ба онҳо чемпиони феълии иёлат Вилтон Стрикленд ҳамроҳ гардид.

Тавре сомонаи расмии Федератсияи шоҳмоти Монтана зикр менамояд, Расул Назриев дар оғози бозӣ аз Дан Матсон шикаст хӯрд ва баъдан пайиҳам чаҳор пирӯзӣ ба даст оварда, ҷоизаи олӣ гирифт. Ин ба ӯ ғалабаи умумиро дар мусобиқа таъмин кард.

Рӯйдоди муҳими мусобиқа пирӯзии Расул Назриев бар чемпиони соли гузашта Вилтон Стрикленд буд.

Мавсими навбатии чемпионати иёлати Монтана оид ба шоҳмот 17 сентябр шурӯъ гардида, мусобиқаи интихобӣ дар чанд марҳила сурат мегирад ва дар онҳо 5 довталаби унвони чемпионӣ муайян мешаванд, ки бо онҳо чемпиони феълӣ Расул Назриев дар даври ниҳоии мусобиқаи соли оянда бозӣ хоҳад кард.

Тавре падари донишҷӯ Саидраҳмон Назриев, собиқ муовини аввали Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон зикр кард, Расул 20 сол дошта, донишҷӯи курси дуюми Донишгоҳи Монтана буда, фанни информатика ва киберамният меомӯзад ва дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок менамояд. Ӯ президенти иттиҳоди донишҷӯёни донишгоҳи худ мебошад.

АКС: montanachess.org.

Июль 25, 2022 12:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Мадина Қурбонзода дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо соҳиби медали биринҷӣ гардид
Эмомалӣ Нуралӣ медали тилло ва Обид Ҷебов медали нуқраи Чемпионати Осиё оид ба ҷудоро соҳиб гардиданд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои ба одати доимӣ табдил ёфтани машқи пагоҳирӯзӣ чӣ бояд кард?
Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар Тошканд ғолиби чемпионати CAFA-2026 гардид
Саидмуъмини Шарифзод Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Рӯдакиро соҳиб гардид
Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Арабистони Саудӣ баргузор мегарданд
БОЗИҲОИ 4-УМИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Пойтахти Сенегал – шаҳри Дакар бозиҳоро мизбонӣ мекунад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ҶУДО-2026. Боку мизбони мусобиқаи муҳими давраи нави олимпӣ мешавад
CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд