ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 июл, шанбе, 182-умин рӯзи соли 2022 аст

Июль 2, 2022 08:00

2 июли соли 2009 барои саҳми барҷаста дар тарбияи насли солим ва рушди самбо дар минтақа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали тиллои Федератсияи байналмилалии самбо сарфароз гардонида шуданд.

***

12 сол пеш, июли соли 2010 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва Дабири кулли Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ Николай Бордюжа масоили вобаста ба вазъи вақти Қирғизистон ва омодагӣ ба ҳамоиши ғайрирасмии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъиро дар шаҳри Ереван баррасӣ намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо қарори Шӯрои академии Маркази аврупоии тадқиқоти байналмилалӣ ва стратегӣ (CERIS, ш.Брюссел), ки муассисаи таҳсилоти олии Иттиҳоди Аврупо мебошад, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвони Профессори фахрии ин Марказ сарфароз гардонида шуданд.

 2 ИЮЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии рӯзноманигорони соҳаи варзиш.

***

Дар Украина – Рӯзи кормандони давлатии соҳаи андоз.

***

Дар Норвегия – Рӯзи шоҳ.

***

Дар Кюрасао  — Рӯзи Парчам.

***

Дар Озарбойҷон – Рӯзи кормандони политсия.

 РӮЙДОДҲО:

2 июли соли 1900 дар Париж бозиҳои дуюми олимпӣ оғоз гардиданд.

***

2 июли соли 1917 Юнон ҷанги Германия ва Австрияро эълон кард.

***

Дар ин рӯзи соли 1924 Ассотсиатсияи байналмилалии рӯзноманигорони варзишӣ таъсис дода шуд.

***

22 сол пеш аз ин, 2 июли соли 2000 дар  финали Чемпионати Аврупо дастаи мунтахаби Фаронса дар дақиқаҳои иловагӣ дастаи Италияро бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард ва маротибаи дуюм чемпиони қитъа шуд.

***

2 июли соли 1990 Анҷумани XXVIII Ҳизби Коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ баргузор гардид, ки  охирин анҷуман дар таърихи фаъолияти ин ҳизб мебошад.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1901 дар Ню-Йорк аввалин маротиба ҳарорати баланди ҳаво ба қайд гирифта шуд, ки он 43,3 дараҷаро ташкил дод.

Июль 2, 2022 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Батуми Консулгарии фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон кушода шуд
ОБУ ҲАВО: 9-10 август дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳи Тоҷикистон омадани селҳои пиряхӣ дар назар аст
ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Хоҷагии фермерии «Расим»-и ноҳияи Шуғнон яке аз беҳтаринҳо дониста шуда, соҳиби 30 ҳисса замини иловагӣ мегардад
ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона 36+38 дараҷа гарм мешавад
ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз Вазорати нақлиёт, Агентии назорати маводи нашъаовар, Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд
ОБУ ҲАВО: Аз 5 то 8 август дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳи Тоҷикистон омадани селҳои пиряхӣ дар назар аст
ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз Агентии омор, Маркази миллии тестӣ ва Саридораи геология нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд
4 август Агентии омор, Маркази миллии тестӣ ва Саридораи геология нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд
Имрӯз Агентии содирот, Академияи идоракунии давлатӣ, Комиссияи олии аттестатсионӣ нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд

Маводҳои таҳлилӣ