ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 июл, чоршанбе, 208-умин рӯзи соли 2022 аст

Июль 27, 2022 08:00

27 июли соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мавзеи Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда – 2» сафар карда, бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ аз наздик шинос шуданд.

***

10 сол пеш, 27 июли соли 2012 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафирони кишварҳои Фаронса, Британияи Кабир, Олмон, роҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо, Кордори муваққатии Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Америка ва кордори муваққатии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупоро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот бо онҳо вазъи вақти Хоруғ баррасӣ гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати деҳоти Қаҳрамони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12-ро барои 624 хонанда дар як баст ифтитоҳ намуданд.

27 ИЮЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Ветнам – Рӯзи қурбониёни расидан ба истиқлол.

РӮЙДОДҲО:

27 июли соли 2009 Президенти мамлакат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба кишоварзон ва мардуми мамлакат муроҷиатнома баён доштанд.

***

27 июли соли 1694 дар Англия бо қарори Парлумони ин мамлакат «Бонки Англия» таъсис дода шуд.

***

233 сол муқаддам, 27 июли соли 1789 аввалин мақомоти давлатии иҷроияи ИМА — шуъбаи робитаҳои хориҷии ИМА таъсис ёфтааст.

***

Дар ин рӯзи соли 1965 Президенти вақти ИМА Линдон Бейнс Ҷонсон лоиҳаи қонунеро имзо намуд, ки аз истеҳсолкунандагони тамоку талаб мекунад, то дар қуттии он «Тамоку ба саломатии шумо зарар дорад» навишта шавад.

***

27 июли соли 2010 дар Қирғизистон Конститутсияи нав қабул гардид.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1920  аввалин маротиба барои назорати парвози ҳавопаймоӣ қутбнамои радиоӣ истифода шуд.

***

Соли 1949 ҳавопаймои мусофирбари «Комет» аз ширкати ҳавопаймоии Британияи Кабир «Де Хевилленд» аввалин маротиба парвози баръакси худро ба роҳ монд.

Июль 27, 2022 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш