Тоҷикистон ва Австрия аз сатҳи баланди ҳамкорӣ дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ изҳори қаноатмандӣ карданд

Июль 1, 2022 10:46

ДУШАНБЕ, 01.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. 30 июн мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим бо Дабири кулли вазорати федералии корҳои аврупоӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Австрия Питер Лански-Тиффентал баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо оид ба мавзуъҳои муҳимми рӯзномаи муносибатҳои дуҷониба ва дурнамои тавсеаи робитаҳои мутақобилан судманд мубодилаи афкор намуда, ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва амниятӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карданд.

Ҷонибҳо аз сатҳи баланди ҳамкории Тоҷикистону Австрия дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла саҳми ду кишвар дар татбиқи бандҳои муҳими рӯзномаи ҷаҳонӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.

Тарафайн ҳамчунин омодагиро ҷиҳати идомаи тамосҳо ва машваратҳои муфид роҷеъ ба масъалаҳои мубрами ҳамкории Тоҷикистону Австрия дар сатҳҳои дуҷониба ва минтақавӣ иброз намуданд.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, 29 июн дар Академияи дипломатии Вена дар ҳошияи ройзаниҳои сиёсӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия бахшида ба 30-юмин солгарди истиқрори робитаҳои дипломатӣ миёни ду кишвар мизи мудаввар баргузор гардид.

Роҳбари ҳайати Тоҷикистон, муовини Вазири корҳои хориҷии кишвар Фарҳод Салим ба ширкаткунандагон роҷеъ ба рушди сиёсӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи давраи Истиқлоли давлатӣ, аҳаммияти иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар таҳкими пояҳои давлатдории кишвар, 25 соли Ваҳдати миллӣ маълумот дода, нақши боризи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ин раванд таъкид намуд. Зимни суханронӣ инчунин масъалаҳои марбут ба равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия, ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, инчунин ҳолати кунунӣ ва дурнамои сиёсати хориҷии Тоҷикистон матраҳ гардиданд.

Дар ҳамоиши мазкур намояндагони Вазорати корҳои аврупоӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Австрия, Академияи дипломатии Вена, созмонҳои байналмилалии муқими шаҳри Вена, ҳайати дипломатии Вена ва ҳамватанони бурунмарзӣ ҳузур дошта, дар рафти суҳбат фаъолона иштирок намуданд.

Акс: ВКХ ҶТ

Июль 1, 2022 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд: «Муттаҳидӣ ба хотири об: даъват ба амали дастҷамъӣ» иштирок намуд
Тоҷикистон дар Ню-Йорк ҳамоиши сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ва таҳкими устувории иқлим баргузор намуд
Ҳамкории мутақобили судманд байни Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин нақши фаъоли Тоҷикистонро дар доираи СММ ва саҳми ташаббусҳои байналмилалӣ таъкид намуд
Дар шаҳри Абу Забӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар Давҳа 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон таҷлил гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо вазирони корҳои хориҷии Салтанати Умон, Габон, Кипр ва Сингапур мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк омодагӣ ба Конфронси оби СММ – 2028 дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид
Идомаи сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода  дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Дабири кулли Созмони ҳамкории рақамӣ вохӯрӣ намуд
Таҳти ҳамоҳангсозии Тоҷикистон ҷаласаи сафирони Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ доир гардид
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар якчанд чорабинии сатҳи баланд дар Ню-Йорк иштирок намуд