Узбекистон бинобар хуруҷи бемории вабо дар Афғонистон назорати тиббиро дар гузаргоҳҳои марзӣ пурзӯр намудааст
ДУШАНБЕ, 18.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Узбекистон дар робита ба хуруҷи бемории вабо дар Афғонистон чораҳоро дар марзҳо пурзӯр мекунад. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора имрӯз аз маркази матбуоти Хадамоти санитарию эпидемиологии ҷумҳурӣ хабар доданд.
Ҳодисаҳои сироятёбӣ дар вилоятҳои Ҳилманд ва Зобули Афғонистон ба қайд гирифта шудаанд. Расонаҳои маҳаллӣ дар бораи беш аз 120 сироятёфта, аз ҷумла ҳолатҳои фавт гузориш медиҳанд.
Вабо бемории шадиди сироятӣ буда, барангезандааш вибриони вабоӣ (Vibrio cholerae) мебошад. Беморӣ бо дарунравии шадид сар шуда, боиси беобмонӣ ва норасоии гардиши хун мегардад, ки метавонад сабаби марг шавад.
Тибқи иттилои Хадамоти санитарию эпидемиологии Узбекистон, дар гузаргоҳҳои сарҳадии кишвар 54 нуқтаи карантинии санитарӣ мавҷуданд. Аз ин шумора 36-тоаш дар роҳҳои мошингард, 11-тоаш дар фурудгоҳҳои байналмилалӣ, 6-тоаш дар роҳи оҳан ва 1-тоаш дар бандари дарёӣ ҷойгир шудаанд. Ҳама гузаргоҳҳо бо дастгоҳҳои гармидиҳӣ ва ҳароратсанҷҳои бидуни тамос барои муоинаи тиббию санитарии шахсони ба кишвар воридшаванда муҷаҳҳаз шудаанд.
Озмоишгоҳҳои махсус бо таҷҳизоту реактивҳои зарурӣ таъмин буда, мутахассисон аз такмили ихтисос гузаштаанд.
Дар мавсими беморӣ мутахассисон ҳар ҳафта аз обанборҳои боз намунаи об мегиранд, то ангезандаҳои ваборо муайян кунанд. Ҳамаи ин тадбирҳо имкон медиҳанд, ки ба қаламрави ҷумҳурӣ воридшавии бемориҳои гуногуни сироятӣ самаранок пешгирӣ карда шавад, хабар доданд дар хадамоти матбуотӣ.
АКС: Sputnik / Денис Абрамов








Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд






