Воридоти воситаҳои нақлиёти сабукрав ба Тоҷикистон афзоиш ёфтааст

Июль 15, 2022 13:20

ДУШАНБЕ, 15.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар соли равон ба Тоҷикистон 21 ҳазору 377  адад  воситаҳои нақлиёти сабукрав  ба маблағи 82,2 миллион доллари амрикоӣ ворид карда шуданд, ки ин омор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 ҳазору 229 адад ва ба маблағи беш аз 15,5  миллион доллар зиёд мебошад. Дар ин бора Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода дар ҷараёни нишасти матбуотӣ ба намояндагони расонаҳои хабарӣ иттилоъ дод.

Воситаҳои нақлиёти сабукрав ба Тоҷикистон бештар  аз ҷониби соҳибкорон аз кишварҳои Аврупо, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон ба таври транзит тавассути давлатҳои назди Балтика ва Аморати Муттаҳидаи Араб  ворид карда мешаванд, ки асосан истеҳсоли ширкатҳои бонуфузи Олмон, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон, назири  «Audi», «BMW». «Mercedes-Benz»,  «Porsche», «Volkswagen», «Opel», «Genesis Motors», «Renault Samsung Motors (RSM)», «Hyundai Motor Company», «Kia Motors», «SsangYong Motor Company», «Daewoo Motor», «Toyota Motor Corporation», «Nissan Motor Corporation» ва ғайра мебошанд.

Инчунин Хуршед Каримзода илова кард, ки дар ин давра ба мамлакат 127 адад мошинҳои барқӣ-электромобилҳо ворид гардиданд ва имтиёзҳои додашуда ба воридкунандагони он 90 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Ин дар ҳолест, ки Ҳукумати мамлакат барои ҳифзи муҳити зист, пешгирӣ ва рафъи олудашавии ҳавои  атмосфера ва рушди иқтисоди «сабз» барномаи воридоти мошинҳои барқӣ-электромобилҳоро рӯйи даст гирифтааст, ки тибқи он ба қонунгузориии кишвар, аз ҷумла ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид гардид. Дар асоси ин тағйирот барои воридкунандагони электромобилҳо сабукиҳо, аз ҷумла озод намудан аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда пешниҳод гардидааст.

Мавриди зикр аст, ки дар Тоҷикистон истеҳсоли воситаҳои нақлиёти сабукрав ба роҳ монда нашудааст, танҳо автобусҳои мусофиркашонӣ, тракторҳо ва дигар техникаҳо барои соҳаи кишоварзӣ дар корхонаҳои муштараки «AKIA AVESTO AUTOMOTIVE INDUSTRY» ва  «Агротехсервис», ки байни Тоҷикистону Туркия ва Тоҷикистону Беларус дар шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор таъсис дода шудаанд, бо истифода аз қисмҳои эҳтиётӣ банду баст мегарданд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ  «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Июль 15, 2022 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳиссаи Хатлон дар ҳаҷми умумии маҳсулоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон беш аз 53 фоизро ташкил медиҳад
«Саноатсодиротбонк» ғолиби ҷoизаҳои байналмилалии «Беҳтарин лоиҳаҳои рушди иқтисодӣ – 2026» гардид
Дар Ереван маблағгузории гуногунии биологӣ ва татбиқи механизмҳои сафарбаркунии захираҳои дохилӣ ва байналмилалӣ баррасӣ шуд
Конфронси байналмилалии «ІР Авруосиё/ІР Тоҷикистон –2026» оид ба моликияти зеҳнӣ ва технологияҳо доир шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» қадрдонӣ шуданд
Дар вилояти Суғд Парки саноатии металлургияи ранга таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Гулистон Конфронси нуҳуми байналмилалии истифодабарандагони «Майкромайн-2026» доир мешавад
Пагоҳ дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Конфронси байналмилалии «ІР Авруосиё/ТР Тоҷикистон – 2026» оғоз гардид
Дар нуҳ моҳ иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ беш аз 124 фоиз таъмин гардид
«Стратегияи миллии гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2030» баррасӣ гардид
«DIGITAL TAJIKISTAN 2026». Моҳи ноябр дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир мешавад