Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми якуми байналмилалии фарҳангии кӯдакон дар Москва иштирок дорад

Август 26, 2022 12:49

ДУШАНБЕ, 26.08.2022. /АМИТ «Ховар»/. Аз 24 то 28 август Форуми якуми байналмилалии фарҳангии кӯдакон бори аввал дар шаҳри Москва баргузор мегардад. Дар ин бора Вазири фарҳанги Федератсияи Русия Олга Любимова дар шабакаи телеграми худ хабар дод, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дод, дар форуми мазкур гурӯҳи таълимгирандагони Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе», ки 24 август ба пойтахти Русия парвоз карда буд, иштирок дорад.

Дар форум зиёда аз 1,5 ҳазор нафар кӯдакону наврасон аз тамоми  манотиқи Федератсияи Русия ва намояндагони 10 кишвари дигар   ҳузур доранд.

«Тибқи барномаи форум, иштирокчиён дар зиёда аз 60 чорабинии гуногун  иштирок хоҳанд кард. Аз ҷумла, дар дарсҳои маҳорат ширкат варзида, бо ҳамсолони худ аз дигар минтақаҳо муошират менамоянд. Инчунин ба воситаи ин форум кӯдакону наврасон бо якдигар табодули таҷрибаи эҷодӣ намуда, бо ҷойҳои ҷолиби диққати Москва ва мавзеъҳои таърихии он шинос мешаванд. Дар ҷараёни форум иштирокчиён бо шахсиятҳои барҷастаи Русия суҳбату вохӯрӣ анҷом медиҳанд»,- гуфт ба АМИТ «Ховар» директори  Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» Комилҷон Холов.


Мавсуф иброз дошт, ки ҳадаф аз баргузории форму дарёфти чеҳраҳои нав аз ҳисоби кӯдакони лаёқатманд, ки дар соҳаи фарҳангу санъат қобилияти барҷаста нишон додаанд, инчунин кушодани имконоти нав барои муколамаи байнифарҳангӣ ва намоиш додани дастовардҳои фарҳанги Русия миёни хурдтарин  эҷодкорон мебошад.

Форум ба наврасон имкон фароҳам меорад, ки лоиҳаҳои эҷодии худро дар сатҳи байналмилалӣ пешниҳод намоянд. Беҳтарин лоиҳа маблағгузорӣ мешавад.

Тибқи нақша, форум мебоист моҳи августи соли 2021 доир гардад, вале бинобар пандемияи коронавирус баргузории он мавқуф гузошта шуд.

АКС аз манбаъҳои боз

Август 26, 2022 12:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон конфронси илмӣ-назариявӣ баргузор шуд
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бахшида ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб: «Фарҳанги сулҳ пурарзиштарин неъмат ва беҳтарин дастоварди халқи тоҷик мебошад»
Дар Донишгоҳи миллӣ аз саҳми намоёни Тоҷикистон дар густариши сулҳи ҷаҳонӣ ёдовар шуданд
ПЕШВОИ ВАҲДАТОФАРУ СУЛҲПАРВАР — ИҚБОЛИ БАЛАНДИ МИЛЛАТ. Андешаҳои ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар дар ин хусус
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Дар рӯзи имтиҳонҳои дохилшавӣ чӣ бояд кард?
Ваҳдати миллӣ шарти асосии ҳифз, таҳким ва пойдории истиқлолият гардид
Аз 1 июл даври асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои миёна ва олии касбӣ оғоз мегардад
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ПЕШВОИ ВАҲДАТОФАР! Ба қадри неъмати бебаҳо – Ваҳдати миллӣ бирасем
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори 150 кВт ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба нақши Ваҳдати миллӣ дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маҷаллаи нави илмии байналмилалӣ «Дипломатияи тоҷик» таъсис ёфт