«АНДЕШАҲО ПЕРОМУНИ ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН». Таҳти чунин унвон барои омӯзиши амиқи асари академик Бобоҷон Ғафуров дастури Иброҳим Пирназарзода ба нашр расид
ДУШАНБЕ, 03.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати муваффақона амалӣ шудани ташаббуси бузург ва фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба ҳар оилаи кишвар туҳфа намудани китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ва таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2023 баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» дастури муфиду пурарзиши номзади илмҳои сиёсӣ Иброҳим Пирназарзода дар нашриёти «Шарқи озод» бо сифати баланд ба табъ расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дастур бо суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аҳаммияту мақоми бузурги шоҳасари «Тоҷикон»-ро дар раванди ташаккули худогоҳии миллии халқи тоҷик таъкид намудаанд, оғоз мегардад: «Асари «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров шуълае буд, ки ба саҳифаҳои торику фаромӯшшудаи таърихи миллати тоҷик равшанӣ андохта, падидаҳои худшиносӣ ва ифтихори миллиро такмил бахшид».
Сараввал муаллиф вобаста ба арзишмандӣ, падидаи ниҳоят нодир будан, инчунин таърихчаи таълифу нашри шоҳасари «Тоҷикон» дар шаҳри Москва (ба забони русӣ, соли 1972) ва дар шаҳри Душанбе (ба забони тоҷикӣ, солҳои 1983-1985) маълумот дода, зикр мекунад, ки он «асари илмӣ-таҳқиқотии бунёдӣ буда, дар заминаи баррасии зиёда аз ду ҳазор маъхазҳои таърихӣ, сарчашмаву адабиёти илмӣ, монографияю пажӯҳиши олимони ватаниву хориҷӣ таълиф шудааст».
Иброҳим Пирназарзода тазаккур медиҳад, ки нашри китоби «Тоҷикон» аз тарафи ховаршиносони машҳури олам бо рӯҳбаландиву назари нек истиқбол шуда», дар ин замина хотирнишон месозад, ки «баҳои одилонаву воқеъбинона додани олимони шинохтаи ҷаҳонӣ ва донишмандону фарҳехтагони халқияту миллатҳои мухталиф ба ин китоб худ исботи пурарзиш будани ин шоҳасар мебошад».
Ҳадафи муаллиф аз таълифи чунин дастури илмӣ-амалӣ, пеш аз ҳама, муаррифӣ намудани мазмуни асар ба хотири дуруст роҳнамоӣ кардани доираи васеи хонандагон баҳри мутолиа ва омӯзиши амиқи «Тоҷикон»-и академик Б. Ғафуров мебошад.
Бо ин мақсад бобҳову фаслҳои асар пайиҳам ва ба таври мӯҷаз тавсиф гардида, муҳтавои асосии онҳо мухтасаран баён карда шудааст. Чунин равиш ба хонанда имкон медиҳад, ки аз моҳияти китоби «Тоҷикон» огоҳии комил пайдо намояд.
Муаллиф бо таваҷҷуҳ ба амалӣ шудани ибтикори беназири Пешвои миллат оид ба ҳар оилаи кишвар эҳдо намудани китоби «Тоҷикон» таъкид месозад, ки «омӯзиш ва тарғиби мазмуну мундариҷаи шоҳасари «Тоҷикон» воқеан дар ташаккули хотираи таърихии мардум, худогоҳиву худшиносӣ ва ифтихори ватандории ҳар фарди ҷомеа ва рушди давлатдории миллӣ дар шароити рушду инкишофи ҳамаҷонибаи давлати соҳибистиқлол нақши боризро соҳиб мебошад».
Худшиносии таърихӣ ҷузъи таркибиву ҷудонопазири худогоҳии миллӣ ва ифтихори ватандорӣ мебошад. Бидуни огоҳии комил аз таърихи миллати хеш, бидуни омӯзиши амиқи асарҳои мафкурасози таърихӣ, бавижа «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён», «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва китоби «Тоҷикон»-и академик Б. Ғафуров худшиносии миллии мо ноқис хоҳад буд. Аз ин рӯ, ин асарҳои пурарзиш бояд китоби рӯимизии ҳар тоҷики боғуруру ватандӯст бошанд.
Ҳамзамон барои муваффақона аз худ кардани муҳтаво ва дарк намудани моҳияти китобҳои мазкур аҳли васеи хонандагон ба дастурҳои муфиди роҳнамо, ба монанди «Андешаҳо перомуни шоҳасари «Тоҷикон»-и номзади илмҳои сиёсӣ Иброҳим Пирназарзода ниёз доранд.
Арзишу аҳаммияти ин дастур дар он ифода меёбад, ки муаллиф тавонистааст на танҳо таърихчаи таълифу нашр, мазмуну муҳтаво ва мақоми китоби «Тоҷикон»-ро равшану возеҳ фаро гирад, балки хонандаро ба омӯзиши пурраву комили ин шоҳасар раҳнамоӣ намояд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» ҷамъбаст гардид
Шаҳри Панҷакент расман «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ» эътироф гардид
Ба ифтихори 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Боқӣ Раҳимзода конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз шуд
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Нимаи дуюми моҳи ноябр даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявӣ доир мегардад
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор гардид
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд
КИТОБ-МУАРРИФИ ДАСТОВАРДҲОИ АДИБОН. Бардошт аз баргузории Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе»
Байни «Тоҷикфилм» ва шаш киностудияи кишварҳои ИДМ ва хориҷи наздик Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз гардид
Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии «Тоҷи Сомон»-ро коргардони тоҷик Муҳиддин Музаффар соҳиб шуд






