«Барқи тоҷик» дар шашмоҳаи якум беш аз 7 млрд кВт-соат неруи барқ истеҳсол намуд

Август 1, 2022 18:00

ДУШАНБЕ, 01.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» дар шашмоҳаи якуми соли равон дар маҷмӯъ 7 млрд 659,3 млн кВт-соат неруи барқ истеҳсол намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 71 млн кВт-соат зиёд буда, суръати афзоиш дар сатҳи 101% таъмин карда шудааст.

Бо натиҷагирӣ аз дастовардҳои бахши энергетикии мамлакат Раиси ШСХК «Барқи тоҷик» Маҳмадумар Асозода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба доираи васеи рӯзноманигорон доир ба дастовардҳои назарраси соҳа иттилоъ дод.

Маҳмадумар Асозода иброз намуд, ки «ҳаҷми содироти неруи барқ ба хориҷи ҷумҳурӣ дар 6 моҳи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 дар ҳаҷми 141,6 млн кВт-соат зиёд гардида, дар маҷмӯъ ба 1 млрд 56,5 млн кВт-соат баробар шуд. Неруи барқ асосан ба Афғонистон ва Ҷумҳурии Узбекистон содирот шуда, дар давраи ҳисоботӣ Ширкати «Барқи Тоҷик» дар умум ба миқдори 10 млрд 135,6 млн кВт-соат неруи барқ интиқол додааст, ки аз он ба ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» 358,8 млн кВт. соат, ба ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» – 8,7 млрд кВт-соат ва ба хориҷи ҷумҳурӣ (содирот) – 1 млрд 56 млн. кВт. Соат рост меояд».

Зикр гардид, ки бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади ноил гардидан ба иҷрои ҳадафҳои стратегии кишвар, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикӣ, баланд намудани эътимоднокии фаъолияти иншооти истеҳсолкунандаи барқу гармӣ бо ҷалби сармояи шарикони рушд дар айни замон якчанд лоиҳаҳо дар соҳаи электроэнергетика мавриди татбиқ қарор дода шудаанд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 1, 2022 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид