БОЗИҲОИ ҲАМБАСТАГИИ ИСЛОМӢ. Киҳо медалҳоро соҳиб мешаванд?
ДУШАНБЕ, 11.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Қунияи Туркия аз 9 то 18 август Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ баргузор мегарданд. Дар он беш аз 4 ҳазор нафар варзишгарон аз 56 давлати ҷаҳон барои ба даст овардани 483 медал аз рӯйи 24 намуди варзиш иштирок доранд. Миёни онҳо — 47 варзишгар аз Ҷумҳурии Тоҷикистонанд.
Тавре қаблан АМИТ «Ховар» иттилоъ дода буд, Кумитаи тадорукоти Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ як моҳ қабл аз ифтитоҳи мусобиқа медалҳои бозиҳоро намоиш дод. Дар онҳо ба ҷуз нишони Бозӣ, тасвири гул бо рангҳои зарди рӯшан ва норинҷӣ инъикос ёфтааст, ки бо баргҳои махмалинаш хеле зебо менамояд.
«Ситораи Салҷуқӣ» дар атрофи рамз ва нақш печонида шудааст. Ситораи ҳаштгӯша рамзи ҳашт дарвозаи биҳишт аст, ҳар гӯшаи ситора яке аз ҳашт хусусияти гуногунро ифода мекунад. Зевари салҷуқиён бо ҳашт кунҷи гуногун рамзи шафқат, муҳаббат, сабр, хирад (нигоҳ доштани асрор), саховатмандӣ, вафодорӣ, шукргӯӣ ва ростгӯиро ифода мекунад.
Унсури дигаре, ки дар рӯи медал нақшбандӣ шудааст, хӯшаи гандум мебошад.
Дар тарафи дигари медал логотипи Федератсияи варзиши ҳамбастагии исломӣ (ISSF) ва номи Бозиҳо тасвир гаштааст.
Ба барномаи Бозиҳо 20 намуди варзиш шомил аст: варзиши сабук, камонварӣ, баскетбол, бочча, велосипедронӣ, шамшербозӣ, футбол, гимнастика, гандбол, дзюдо, каратэ, кикбоксинг, тирпаронии варзишӣ, шиноварӣ, тенниси рӯи миз, таэквондо, волейбол, вазнабардорӣ, гӯштингирӣ ва камонварии анъанавӣ.
Ҳамчунин миёни варзишгарони имконияташон маҳдуд дар намуди варзиши тенниси рӯйи миз, варзиши сабук, шиноварӣ ва камонварӣ сабқат гузаронида мешавад.
Аъзои дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар 8 намуд – варзиши сабук, камонварӣ, каратэ, тенниси рӯи миз, таэквондо, вазнабардорӣ ва гӯштин рақобат мекунанд. Тавре зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд, ин мусобиқаҳо чун санҷиши асосии омодагии варзишгарони тоҷик ба Бозиҳои олимпии соли 2024 дар Париж хизмат хоҳанд кард.
Бори нахуст Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ доир карда шуданд.
АКС: КМО Тоҷикистон
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд






