БОЗИҲОИ ҲАМБАСТАГИИ ИСЛОМӢ. Варзишгарони Тоҷикистон дар мусобиқаи дзюдо 3 медал ба даст оварданд

Август 17, 2022 08:38

ДУШАНБЕ, 17.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 16 август, ду рӯз қабл аз анҷоми Бозиҳои 5-уми ҳамбастагии исломӣ дар шаҳри Қунияи Туркия варзишгарони Тоҷикистон дар мусобиқаи дзюдо 3 медал, аз ҷумла 1 нуқра ва 2 биринҷӣ ба даст оварданд. Шумораи медалҳои ҳайати олимпии Тоҷикистон ба 7 адад расид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Медали нуқраро паҳлавони маъруфи кишвар Комроншоҳ Устопириён дар вазни -90кг сазовор шуд. Комроншоҳ, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар намояндаи Эрон Сайидмуҳаммадризо Саидаминӣ, дар чорякфинал бар варзишгари мизбон Омер Айдин ва дар нимфинал бар ҷудочии Лубнон Карамноб Сагаипов ғолиб омад, вале дар финал аз намояндаи дигари мизбон Михаел Зганк мағлуб шуд.

Медалҳои биринҷиро Шодмон Ризоев дар вазни -81кг ва Абубакри Акобир дар вазни -100кг ба даст оварданд.

Шодмон дар даври дуюм намояндаи Тунис Ҳачем Селамми, дар чорякфинал дзюдочии овозадори узбек Шарофиддин Болтабоевро шикаст дода, ба нимфинал баромад. Дар ин давр Шодмон аз намояндаи АМА Нугзари Туталашвилӣ мағлуб шуд. Ӯ сипас дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм варзишгари қирғиз Асад Масабировро мағлуб кард.

Абубакр ҳам дар даври аввал озод буд ва дар чорякфинал бар намояндаи Қазоқистон Ислом Бозбоев пирӯз шуда, ба даври нимфинал баромад. Вале дар ин давр аз варзишгари Узбекистон Музаффарбек Турабоев мағлуб шуд ва барои ба даст овардани медали биринҷӣ варзишгари покистонӣ Қайсар Хонро мағлуб кард.


Ёдовар мешавем, ки қаблан дар варзиши сабук варзишгари мо Илдар Аҳмадиев, дар пара-тенниси рӯи миз Екатерина Ишенко медали нуқра ва дар гӯштини юнонӣ-римӣ Асламҷон Азизов дар вазни -55кг ва Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни -63кг медали биринҷӣ ба даст оварда буданд.

Бозиҳо 18 август анҷом меёбанд. Варзишгарони мо дар намуди каратэ мусобиқаро идома медиҳанд.

Пас аз натиҷагирии ҳашт рӯз дар Бозиҳои 5-уми ҳамбастагии исломӣ кишвари мизбон – Туркия пешсаф аст. Варзишгарони мизбон сазовори 265 медал (106 тилло, 89 нуқра, 70 биринҷӣ) гардидаанд. Узбекистон бо 43 медали тилло, 30 нуқра, 48 биринҷӣ (121 медал) дар ҷои дуюм, Эрон бо 37 медали тилло, 35 нуқра, 44 биринҷӣ (116 медал) дар ҷои сеюм мавқеъ доранд.

Тоҷикистон бо 3 медали нуқра ва 4 медали биринҷӣ миёни 56 кишвари иштирокчӣ дар ҷои 27-ум аст.

АКС: КМО Тоҷикистон

Август 17, 2022 08:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад