ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2022. Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ҷои сеюмро гирифт

Август 13, 2022 09:00

ДУШАНБЕ, 13.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе 3-юм Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ миёни ҷавонони то 19-сола бо пирӯзии тими Эрон ба анҷом расид.

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев ҷои сеюмро гирифт. Дар даври ҷамъбастӣ мунтахаби Тоҷикистон аз тими ҷавонон Эрон бо ҳисоби 0:4 шикаст хурд. Дар бозии дигар Узбекистон ва Афғонистон мусовӣ (1:1) бозӣ карданд.

Дар се бозии қаблиаш тими Тоҷикистон бар дастаҳои Афғонистон (4:1) ва Қирғизистон (3:1) ғалаба карда, аз тими ҷавонони Узбекистон мағлуб (0:3) шуд.

Ҳамин тариқ, мунтахаби ҷавонони Эрон бо 8 хол ғолиби Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ гардид. Ду даста – Узбекистон ва Тоҷикистон 6-холӣ ба даст оварданд, вале аз ҳисоби бозии байни дастаҳо нуқра ба Узбекистон, биринҷӣ ба Тоҷикистон расид.

Ҷоизаи «Fair Play» ба тими Афғонистон тақдим шуд. Шаҳриёр Ҷабборов аз тими Узбекистон бо 3 гол беҳтарин нишонзан ва капитани тими Эрон Муҳаммад Амин Ҳазбавӣ беҳтарин бозигар дониста шуданд.

Акс: ФФТ

Август 13, 2022 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад